https://sputnik.tj/20230402/khohari-kim-chen-in-zelenskiy-ukrainaro-ba-nobudi-mebarad-1055918060.html
Хоҳари Ким Чен Ин: Зеленский Украинаро ба нобудӣ мебарад
Хоҳари Ким Чен Ин: Зеленский Украинаро ба нобудӣ мебарад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдори баландпояи Кореяи Шимолӣ аз фалокати ҳастаӣ ҳушдор додаст, ки мақомдорони украинӣ метавонанд бо иқдоми ғаразнокашон ба сари худ оранд.
2023-04-02T16:30+0500
2023-04-02T16:30+0500
2023-04-02T16:30+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
украина
владимир зеленский
кореяи шимолӣ
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/02/1055916758_0:0:2817:1585_1920x0_80_0_0_8c4456338f1287f79bb73986d03ff82f.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Мақомоти Киев дар роҳи нодуруст қарор доранд, ки боиси нобудияшон хоҳад шуд, изҳор доштаст хоҳари Ким Чен Ин ва муовини раиси Кумитаи марказии Ҳизби коргари Кореяияи Шимолӣ, Ким Ё Чжон. Ин нуктаро аз қавли ӯ, Агентии марказии телеграфии Кореяи Шимолӣ овардааст. Ба гуфтаи Ким Ё Чжон, президенти Украина, Владимир Зеленский гирифтори бузургманишии табобатнашаванда шудааст, ки иддао дорад, метавонанд Русияро мағлуб кунад. Вай таъкид намудаст, ки мақомоти Украина наметавонанд бубинанд, ин иқдом чӣ паёмад хоҳанд дошт. Ӯ аз фалокати ҳастаӣ ҳушдор додаст, ки мақомдорони украинӣ метавонанд ба сари худ оранд. Ким Ё Чжон изҳор доштаст, ки суханони Зеленский дар бораи истиқрори силоҳи ҳастаии ИМА ё таҳияи худаш сарнавишти кишвар ва мардумро дар хатар гузошта, ғаразҳои хатарноки сиёсии ӯро нишон медиҳанд.Вай афзуд, раисиҷумҳури Украина, ки аслан ба муқовимат ба Маскав қодир набуд, ҳоло ба Амрико ҳамчун хоҷа менигарад ва гадоӣ мекунад."Агар Зеленский интизор дошт, ки танҳо бо пинҳон шудан зери чатрҳои ҳастаии ИМА, ки аллакай дар бисёр ҷойҳо пур аз сӯрохиҳост, метавонанд аз ҳамлаи шадиди Русия канорагирӣ кунад, пас мақомоти Киев бешубҳа роҳи нодурустро пеш гирифтаанд", - илова намудаст ӯ. Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли гузашта дар Украина амалиёти вижаи низомиро роҳандозӣ кард, ки ҳадафи он ҳимояи одамоне номида шуд, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
https://sputnik.tj/20230401/siloh-hastai-rusiya-belarus-intiqol-siloh-ukraina-korshinoson-1055915013.html
украина
кореяи шимолӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/02/1055916758_42:0:2773:2048_1920x0_80_0_0_88e9f77c59ad2501b20607aea58db689.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, корея, шимолӣ, фалокат, украина, ҳастаӣ
ҳушдор, корея, шимолӣ, фалокат, украина, ҳастаӣ
Хоҳари Ким Чен Ин: Зеленский Украинаро ба нобудӣ мебарад
Мақомдори баландпояи Кореяи Шимолӣ аз фалокати ҳастаӣ ҳушдор додаст, ки мақомдорони украинӣ метавонанд бо иқдоми ғаразнокашон ба сари худ оранд.
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Мақомоти Киев дар роҳи нодуруст қарор доранд, ки боиси нобудияшон хоҳад шуд, изҳор доштаст хоҳари Ким Чен Ин ва муовини раиси Кумитаи марказии Ҳизби коргари Кореяияи Шимолӣ, Ким Ё Чжон.
Ин нуктаро аз қавли ӯ, Агентии марказии телеграфии Кореяи Шимолӣ овардааст.
Ба гуфтаи Ким Ё Чжон, президенти Украина, Владимир Зеленский гирифтори бузургманишии табобатнашаванда шудааст, ки иддао дорад, метавонанд Русияро мағлуб кунад.
Вай таъкид намудаст, ки мақомоти Украина наметавонанд бубинанд, ин иқдом чӣ паёмад хоҳанд дошт.
Ӯ аз фалокати ҳастаӣ ҳушдор додаст, ки мақомдорони украинӣ метавонанд ба сари худ оранд.
Ким Ё Чжон изҳор доштаст, ки суханони Зеленский дар бораи истиқрори силоҳи ҳастаии ИМА ё таҳияи худаш сарнавишти кишвар ва мардумро дар хатар гузошта, ғаразҳои хатарноки сиёсии ӯро нишон медиҳанд.
Вай афзуд, раисиҷумҳури Украина, ки аслан ба муқовимат ба Маскав қодир набуд, ҳоло ба Амрико ҳамчун хоҷа менигарад ва гадоӣ мекунад.
"Агар Зеленский интизор дошт, ки танҳо бо пинҳон шудан зери чатрҳои ҳастаии ИМА, ки аллакай дар бисёр ҷойҳо пур аз сӯрохиҳост, метавонанд аз ҳамлаи шадиди Русия канорагирӣ кунад, пас мақомоти Киев бешубҳа роҳи нодурустро пеш гирифтаанд", - илова намудаст ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли гузашта дар Украина амалиёти вижаи низомиро роҳандозӣ кард, ки ҳадафи он ҳимояи одамоне номида шуд, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.