https://sputnik.tj/20230403/qaror-hukumati-tojikiston-zakhirai-ghizo-zimiston-1055932283.html
Қарори ҳукумати Тоҷикистон барои захираи ғизо ба зимистон
Қарори ҳукумати Тоҷикистон барои захираи ғизо ба зимистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки барои зимистони оянда орд, равған, шакар, биринҷ, пиёз, картошка, консерваҳо ва дигар маҳсулот захира карда шаванд
2023-04-03T15:45+0500
2023-04-03T15:45+0500
2023-04-18T16:04+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
замин
ғизо
ҳукумат
қарор
захира
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1a/1048724185_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_8bd29002e211799877ffd2763060dcfd.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Нақшаи чорабиниҳо барои омода кардани бахшҳои иқтисоду иҷтимои Тоҷикистон барои зимистони соли оянда аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шуд. Бар асоси ин қарори ҳукумат, дастур дода шудааст, ки нақшаи захиракунии маводи асосии ғизои босифату дастрас дар бозорҳо ва анбору сардхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон таҳия ва тасдиқ карда шаванд.Дар феҳрасти маҳсулоти захирашаванда аз ҷумла орд, равған, шакар, биринҷ, пиёз, картошка, консерваҳо ва маҳсулоти дигари зикр гардидаанд. Аз қавли Вазорати кишоварзии Тоҷикистон оварда шудааст, ки феълан дар ҷумҳурӣ 496 анбор, сардхона ва яхдон сохта ва барқарор карда шудааст. Зикр гардид, ки аз ин теъдод 218 адад сардхона, 49 яхдон ва 229 адад анборхона мебошад. Иқтидори ғунҷоиши онҳо беш аз 187 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ гардидааст. Мақомот мегӯянд, иншооти махсус барои захираи маҳсулот барои пешгирӣ намудани талафёбии маҳсулот, захираву нигоҳдорӣ ва ба роҳ мондани содирот мусоидат менамояд.Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки захираи дусолаи ғизоро дошта бошанд. Вай бо ҳушдор аз вазъи мураккаб дар ҷаҳон таъкид мекунад, ки ҳар порчаи замин дар ҷумҳурӣ самаранок барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода гардад.
https://sputnik.tj/20230403/oghoz-jamovarii-hosili-piyoz-tojikiston-1055925693.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1a/1048724185_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_06df00be1c5b0cf72a9f1948f19ad039.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳолӣ, захира, ҳукумат, тоҷикистон, зимистон, ғизо
аҳолӣ, захира, ҳукумат, тоҷикистон, зимистон, ғизо
Қарори ҳукумати Тоҷикистон барои захираи ғизо ба зимистон
15:45 03.04.2023 (Навсозишуда: 16:04 18.04.2023) Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки барои зимистони оянда орд, равған, шакар, биринҷ, пиёз, картошка, консерваҳо ва дигар маҳсулот захира карда шаванд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Нақшаи чорабиниҳо барои омода кардани бахшҳои иқтисоду иҷтимои Тоҷикистон барои зимистони соли оянда аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шуд.
Бар асоси ин қарори ҳукумат, дастур дода шудааст, ки нақшаи захиракунии маводи асосии ғизои босифату дастрас дар бозорҳо ва анбору сардхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон таҳия ва тасдиқ карда шаванд.
Дар феҳрасти маҳсулоти захирашаванда аз ҷумла орд, равған, шакар, биринҷ, пиёз, картошка, консерваҳо ва маҳсулоти дигари зикр гардидаанд.
Аз қавли Вазорати кишоварзии Тоҷикистон оварда шудааст, ки феълан дар ҷумҳурӣ 496 анбор, сардхона ва яхдон сохта ва барқарор карда шудааст.
Зикр гардид, ки аз ин теъдод 218 адад сардхона, 49 яхдон ва 229 адад анборхона мебошад.
Иқтидори ғунҷоиши онҳо беш аз 187 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ гардидааст.
Мақомот мегӯянд, иншооти махсус барои захираи маҳсулот барои пешгирӣ намудани талафёбии маҳсулот, захираву нигоҳдорӣ ва ба роҳ мондани содирот мусоидат менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки захираи дусолаи ғизоро дошта бошанд.
Вай бо ҳушдор аз вазъи мураккаб дар ҷаҳон таъкид мекунад, ки ҳар порчаи замин дар ҷумҳурӣ самаранок барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода гардад.