https://sputnik.tj/20230403/oghoz-jamovarii-hosili-piyoz-tojikiston-1055925693.html
Оғози ҷамъоварии ҳосили пиёз дар Тоҷикистон: Нарх поин меравад?
Оғози ҷамъоварии ҳосили пиёз дар Тоҷикистон: Нарх поин меравад?
Sputnik Тоҷикистон
Навоҳии ҷанубии Тоҷикистон ба ҷамъ кардани ҳосили пиёзи барвақтӣ оғоз намудаанд, то нархи ин навъи маҳсулот дар бозорҳои ҷумҳуриро поин оранд
2023-04-03T11:55+0500
2023-04-03T11:55+0500
2023-04-03T11:55+0500
дар тоҷикистон
нарх
кишт
пиёз
ҷамъоварӣ
ҳосил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/03/1055925805_0:154:1080:762_1920x0_80_0_0_9612a04082a8735a5565ab66ec7a8f00.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ноҳияи Ҷайҳун аз аввалинҳо шуда ба ҷамъоварии ҳосили баҳории пиёз оғоз кард, иттилоъ дод мақомоти Хатлон. Ба иттилои манбаъ, бо мақсади таъмини аҳолии Тоҷикистон бо пиёзи барвақтӣ ва паст фаровардани нархи пиёз дар бозорҳои дохилӣ деҳқонони ҷамоати деҳоти Истиқлоли Ҷайҳун аллакай онро ҷамъ овардаанд. Интизор меравад, ки дар пайи ворид шудани ҳосили ҷадид ба бозорҳо нархи он коҳиш ёбад. Ин дар ҳолест, ки соли равон дар бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ камбуди захоири пиёз ба мушоҳида расид, ки дар натиҷа давлатҳо содироти ин маҳсулотро маҳдуд карданд.Бар асоси дурнамои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, соли 2023 дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дар майдони беш аз 17 ҳазор гектар кишти пиёз гузаронида мешавад. Ба иттилои манбаъ, аз ин майдон зиёда аз 11 ҳазор гектарро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад.Ин дар ҳолест, ки феълан талабот ба ин навъи маҳсулот на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ зиёд мебошад. Қаблан соҳибкорони Қазоқистон изҳори омодагӣ карда буданд, ки 15 млн доллар барои пиёзи Тоҷикистон пешпардохт намоянд ва дар ҳолати фаъолияти устувор ин маблағ метавонад то 45-50 млн доллар афзоиш ёбад.
https://sputnik.tj/20230316/piyoz-garon-shudu-pakhta-arzon-kishovarzoni-sughd-imsol-chi-beshtar-kisht-mekunand--1055575412.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/03/1055925805_0:53:1080:863_1920x0_80_0_0_9281d1d3f6c4727417bd630f858dd7e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳосил, нав, пиёз, баҳор, барвақтӣ, хатлон
ҳосил, нав, пиёз, баҳор, барвақтӣ, хатлон
Оғози ҷамъоварии ҳосили пиёз дар Тоҷикистон: Нарх поин меравад?
Навоҳии ҷанубии Тоҷикистон ба ҷамъ кардани ҳосили пиёзи барвақтӣ оғоз намудаанд, то нархи ин навъи маҳсулот дар бозорҳои ҷумҳуриро поин оранд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ноҳияи Ҷайҳун аз аввалинҳо шуда ба ҷамъоварии ҳосили баҳории пиёз оғоз кард, иттилоъ дод мақомоти Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, бо мақсади таъмини аҳолии Тоҷикистон бо пиёзи барвақтӣ ва паст фаровардани нархи пиёз дар бозорҳои дохилӣ деҳқонони ҷамоати деҳоти Истиқлоли Ҷайҳун аллакай онро ҷамъ овардаанд.
Интизор меравад, ки дар пайи ворид шудани ҳосили ҷадид ба бозорҳо нархи он коҳиш ёбад.
Ин дар ҳолест, ки соли равон дар бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ камбуди захоири пиёз ба мушоҳида расид, ки дар натиҷа давлатҳо содироти ин маҳсулотро маҳдуд карданд.
Бар асоси дурнамои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, соли 2023 дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дар майдони беш аз 17 ҳазор гектар кишти пиёз гузаронида мешавад. Ба иттилои манбаъ, аз ин майдон зиёда аз 11 ҳазор гектарро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки феълан талабот ба ин навъи маҳсулот на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ зиёд мебошад.
Қаблан соҳибкорони Қазоқистон изҳори омодагӣ карда буданд, ки 15 млн доллар барои пиёзи Тоҷикистон пешпардохт намоянд ва дар ҳолати фаъолияти устувор ин маблағ метавонад то 45-50 млн доллар афзоиш ёбад.