Пиёз гарон шуду пахта арзон: кишоварзони Суғд имсол чӣ бештар кишт мекунанд?

© Sputnik / Амир ИсаевТорговля на рынке Истарвашана
Торговля на рынке Истарвашана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Идораи кишоварзии Суғд шарҳ дод, ки дар пайи болоравии нархи пиёз ва пастравии арзиши “пахта” соли ҷорӣ кишти онҳо дар кадом масоҳат гузаронида хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Дар вилояти Суғд ба кишти пунбадона расман оғоз намуданд.
Бо вуҷуди арзон шудани нархи пахта дар биржаҳои ҷаҳонӣ, кишоварзони Суғд азм доранд, соли ҷорӣ ҳам кишти ин навъ зироатро дар масоҳати на камтар аз солҳои қаблӣ гузаронанд
Масъулони Идораи кишоварзии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ доданд, ки соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон дар чи масоҳат пунбадона кишт хоҳад шуд.
“Мувофиқи нақша соли ҷорӣ дар майдони 59 ҳазор га кишти пахта дар назар дошта шудааст. Ин рақам аз соли гузашта кам нест, балки баробар мебошад” – гуфт, Маъруф Шарифиён, сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд.
Соли гузашта кишоварзони Суғд 134 ҳазор тон “тиллои сафед” ҷамъоварӣ карда буданд, ки ин рақам аз нақша барзиёд гуфта мешуд. Аммо поёнравии нархи пахта дар биржаҳои ҷаҳонӣ аксари пунбапарварони тоҷикро бимзадаву нигарон кард. Зеро дар пайи поёнравии нархи пахта, ин вазъ ба ҷайби деҳқонҳои тоҷик зарбаи сангин расонид.
Посадка картофеля в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2023
Нақшаи кишти пиёз дар Тоҷикистон мушаххас шуд: Чанд гектар?
Неъматулло Абдуллоев аз деҳқонҳои пунбапарвар дар ноҳияи Сипитамен мегӯяд, соли гузашта бар зами он, ки нархи нуриҳои минералӣ ба маротиб боло рафт, арзиши ҳосиле, ки онҳо ба ранҷи зиёд парвариш карданд то панҷоҳ дарсад коҳиш ёфт ва аз ин ҳисоб ӯ барин деҳқонҳо зарари молӣ дидаанд.
“Ҳар сол аз як га замин то 4 - 5 тон пахта мегирфтем. Имсол бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд ҳамагӣ 3 тон ҳосил ҷамъоварӣ кардему тамом. Ҳарорати ҳаво якбора сард шуд ва давраи сеюми ҳосилғундорӣ иҷро ношуд монд. Бар зами ин ҳама нархи пахта якбора то 6 – 8 сомонӣ поён шуд”- иброз намуд, Абдуллоев.

Умед аз ҳосили нав

Ин мусоҳиби мо мегуяд умедвор аст, имсол арзиши пахта дубора ба мисли солҳои қаблӣ барқарор мешавад ва ӯ барин хоҷагидорон, ки зиндагиашон аз ҳисоби замин аст, рӯзии хуби худро аз ҳосили пахта дарёфт карда метавонанд.
Гароншавии бесобиқаи нархи пиёз дар бозорҳои кишвар кишоварзони Суғдро водор намудааст, ки майдони ин навъ зироатро то 4171 га зиёд кунанд.
Маъруф Шарифиён сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд гуфт, соли ҷорӣ майдони кишти пиёз дар шимоли Тоҷикистон наздик ба ҳазор гектар бештар ба нақша гирифта шудааст.
“Имсол дар ҳоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 4171 га кишти пиёз гузаронида хоҳад шуд. Ин рақам аз нақшаи соли қаблӣ 730 га зиёд мебошад”, - гуфт Шарифиён.
Соли гузашта дар шаҳру навоҳии Суғд 3443 га пиёз кишт шуд, ки аз ин ҳисоб 157 ҳазор тон ё 405 сентнерӣ ҳосил ба даст омад. Ба ҳисоби кишоварзон ин нишондиҳандаи хуб арзёбӣ мешавад, аммо чанд моҳи охир нархи пиёз дар бозорҳои Суғд ба таври бесобиқа баланд шуда, ба беш аз 10 сомонӣ дакка зад. Дар ҳоле, ки дар оғози мавсими ҷамъоварии ҳосил нархи он ҳамагӣ 3 - 5 сомонӣ буд.
Евгений Коренков торговый представитель РФ в РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2022
Аз пахта ба IT ё чӣ тавр тиҷорати Русияву Тоҷикистон тағйир меёбад
Дар Идораи кишоварзии Суғд гуфтанд, ки чанд омил боиси болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳо гардидааст. Барои мисол яке аз ин омилҳо зиёд шудани талаботи бозорҳои кишвар ба маҳсули дастранҷи кишоварзони суғдӣ будааст, ки соли қаблӣ даҳҳо тон пиёз аз Суғд ба шаҳри Душанбе ва навоҳии Хатлон интиқол шудааст.

Ғалла камтару пиёз бештар кишт мешавад

Бар пояи маълумоти Сарраёсати кишоварзии Суғд ҳаҷми умумии майдони кишт дар миқёси ин вилоят 224,6 ҳазор га буда аз ин 169,7 ҳазор гектари он замини обӣ гуфта мешавад. Дар чунин масоҳат замин умдатан зироатҳои қабили картошка, сабзӣ, пиёз, ғалла, ҷуворимакка, нахуд, пахта, тарбуз, харбузза ва хуроки чорво кишт карда мешавад.
Бино ба иттилоъи масъулин соли ҷорӣ аз ҳисоби заминҳои полезӣ ва ғалладонагиҳо кишти пиёз бештар гузаронида хоҳад шуд. Ин тасмим ба хотири ба фаровонии ҳосил ва ба эътидол овардани нархи пиёз яке аз умдатарин маҳсулоти ниёзи рӯзгор гуфта мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи августи соли қаблӣ дар пайи баландшавии нархи маҳсулот дар бозорҳо, мақомоти Тоҷикистон содироти пиёз ба хориҷаро манъ карданд.
Лентаи хабарҳо
0