https://sputnik.tj/20230403/danghara-naqsha-davat-navaskaron-ijro-1055932970.html
Данғара нақшаи даъвати наваскаронро иҷро кард
Данғара нақшаи даъвати наваскаронро иҷро кард
Sputnik Тоҷикистон
Таъкид шудааст, ки ҷавонон аз шаҳраку ҷамоатҳои ноҳияи Данғара ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, дар фазои тантанавӣ ба артиш гусел гардиданд
2023-04-03T16:15+0500
2023-04-03T16:15+0500
2023-04-03T16:15+0500
дар тоҷикистон
артиш
навигариҳои варзиши тоҷикистон
даъват
данғара
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/05/1042651358_0:44:1601:944_1920x0_80_0_0_3cf1e261d33c550bf2533ffa9d1725fb.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Маъракаи гусели наваскарон аз Данғара дар саҳни Комиссариати ҳарбии ноҳия бо иштироки мақомдорону волидони ҷавонон баргузор шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Данғара иттилоъ дода, афзуд, ки аллакай ноҳия нақшаи даъватро иҷро намуд. Таъкид шуд, ки ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ихтиёран ҳозир гардида, дар фазои тантанавӣ гуселонида шуданд."Ҷавонони мо бояд ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ бошанд, зеро ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст мебошад", - омадааст дар иттилоия. Зикр гардид, ки дар маросим сарбозони оянда ва волидони онҳо бо самимият аз муҳимияти хидмати ҳарбӣ ва ҳифзи Ватан сухан кардаанд. Аз ҷумла гуфта шудааст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ тамоми шароит баҳри хизмати ҳамаҷонибаи сарбозон ва афсарон дар қисмҳои низомӣ фароҳам оварда шудааст. Бояд ҳар ҷавони ватандӯст баҳри иҷрои саривақтии қарзи шаҳрвандии хеш бе чуну чаро ба артиш ҳозир гардад, таъкид шудааст дар ҳамоиш. Маврид ба зикр аст, ки дар баробари Данғара аз аввалинҳо шуда, дар ҷануби Тоҷикистон ноҳияҳои Фархор ва Вахш нақшаи даъватро иҷро намуданд. Ба иттилои манбаъ, ба ин муносибат бо иштироки аъзои комиссияи даъватӣ, фаъолон, даъватшавандагон ва волидони онҳо чорабинии "Рӯзи даъватшаванда" баргузор гардид.
https://sputnik.tj/20230403/nohiya-khatlon-naqsha-davat-ijro-1055922977.html
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/05/1042651358_37:0:1458:1066_1920x0_80_0_0_891b374e34a14ed6936ffe184c31598b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иҷро, нақша, даъват, данғара, шаҳрак
иҷро, нақша, даъват, данғара, шаҳрак
Данғара нақшаи даъвати наваскаронро иҷро кард
Таъкид шудааст, ки ҷавонон аз шаҳраку ҷамоатҳои ноҳияи Данғара ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, дар фазои тантанавӣ ба артиш гусел гардиданд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Маъракаи гусели наваскарон аз Данғара дар саҳни Комиссариати ҳарбии ноҳия бо иштироки мақомдорону волидони ҷавонон баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Данғара иттилоъ дода, афзуд, ки аллакай ноҳия нақшаи даъватро иҷро намуд.
Таъкид шуд, ки ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ихтиёран ҳозир гардида, дар фазои тантанавӣ гуселонида шуданд.
"Ҷавонони мо бояд ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ бошанд, зеро ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Зикр гардид, ки дар маросим сарбозони оянда ва волидони онҳо бо самимият аз муҳимияти хидмати ҳарбӣ ва ҳифзи Ватан сухан кардаанд.
Аз ҷумла гуфта шудааст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ тамоми шароит баҳри хизмати ҳамаҷонибаи сарбозон ва афсарон дар қисмҳои низомӣ фароҳам оварда шудааст.
Бояд ҳар ҷавони ватандӯст баҳри иҷрои саривақтии қарзи шаҳрвандии хеш бе чуну чаро ба артиш ҳозир гардад, таъкид шудааст дар ҳамоиш.
Маврид ба зикр аст, ки дар баробари Данғара аз аввалинҳо шуда, дар ҷануби Тоҷикистон ноҳияҳои Фархор ва Вахш нақшаи даъватро иҷро намуданд.
Ба иттилои манбаъ, ба ин муносибат бо иштироки аъзои комиссияи даъватӣ, фаъолон, даъватшавандагон ва волидони онҳо чорабинии "Рӯзи даъватшаванда" баргузор гардид.