https://sputnik.tj/20230401/khatlon-kudak-zeri-sel-mond-1055908067.html
Дар Мӯъминобод кӯдаки 7 - сола зери сел монд
Дар Мӯъминобод кӯдаки 7 - сола зери сел монд
Sputnik Тоҷикистон
КҲФ мегӯяд, ноболиғ ба хотири расондани ғизо ба бародари худ, ки дар кӯҳ чорво мечаронд, зери сел монда, ҷон аз даст дод
2023-04-01T12:30+0500
2023-04-01T12:30+0500
2023-04-01T12:30+0500
дар тоҷикистон
хатлон
кҳф
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102905/82/1029058288_0:63:1201:738_1920x0_80_0_0_975628644f81b2a9190c83160df80d83.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Дар деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминобод, кӯдаки ҳафт сола зери сел афтода, ҷон бохт.Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш дар заминаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар вақти офати таббии рух додааст.Манбаъ меафзояд, кӯдак барои бурдани хӯрок ба бародари худ, ки дар кӯҳ чорво мечаронд, зери сел мондааст.КҲФ мегӯяд, ҷасади кӯдакро сокинони маҳаллӣ пайдо намуда, ба волидони ӯ супориданд.Дар ҳамин ҳол, ин ниҳод аз шаҳрвандон дархост намудааст, ки нисбати фарзандони худ ғамхорӣ кунанд ва қоидаҳои бехатариро ҳатман ба ҷо оранд.Бояд гуфт, имсол фавти кӯдаки ҳафт сола нахустин талафоти ҷонӣ бар асари фаромадани сел мебошад.Қаблан, тармафароӣ талафоти бузурги ҷонӣ дошт. Аз 19 қурбонии ҳаводиси тармафароӣ аксарияташон сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буданд.
https://sputnik.tj/20230218/jasad-sokin-ishkoshim-dalel-masdud-roh-khorugh-darmond-1055039283.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102905/82/1029058288_66:0:1133:800_1920x0_80_0_0_c71a665c27a68f1a1ec20f3bdbf48ad0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мӯъминобод кӯдак сел
Дар Мӯъминобод кӯдаки 7 - сола зери сел монд
КҲФ мегӯяд, ноболиғ ба хотири расондани ғизо ба бародари худ, ки дар кӯҳ чорво мечаронд, зери сел монда, ҷон аз даст дод
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Дар деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминобод, кӯдаки ҳафт сола зери сел афтода, ҷон бохт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш дар заминаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар вақти офати таббии рух додааст.
Манбаъ меафзояд, кӯдак барои бурдани хӯрок ба бародари худ, ки дар кӯҳ чорво мечаронд, зери сел мондааст.
"Сокини 7-солаи деҳаи Боғи Ҳабиби ҷамоати деҳоти Балхоби ноҳияи Мӯъминобод бо мақсади расонидани ғизо ба бародараш, ки дар кӯҳсон рама мечаронид, зери сел афтод, ки дар натиҷаи борони сел ба амал омад", - омадааст дар хабарнома.
КҲФ мегӯяд, ҷасади кӯдакро сокинони маҳаллӣ пайдо намуда, ба волидони ӯ супориданд.
Дар ҳамин ҳол, ин ниҳод аз шаҳрвандон дархост намудааст, ки нисбати фарзандони худ ғамхорӣ кунанд ва қоидаҳои бехатариро ҳатман ба ҷо оранд.
Бояд гуфт, имсол фавти кӯдаки ҳафт сола нахустин талафоти ҷонӣ бар асари фаромадани сел мебошад.
Қаблан, тармафароӣ талафоти бузурги ҷонӣ дошт. Аз 19 қурбонии ҳаводиси тармафароӣ аксарияташон сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буданд.