https://sputnik.tj/20230403/behtarin-osorkhona-tojikiston-muayyan-1055922107.html
Беҳтарин осорхонаи Тоҷикистонро муайян мекунанд
Беҳтарин осорхонаи Тоҷикистонро муайян мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Озмун барои муайян кардани беҳтарин осорхона бо ҳузури иштирокдорон аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон давоми ду моҳ дар ҷумҳурӣ давом хоҳад кард
2023-04-03T09:00+0500
2023-04-03T09:00+0500
2023-04-03T09:00+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
осорхона
озмун
байналмилалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/09/1051284116_0:164:3077:1894_1920x0_80_0_0_e95166dd44a5ccc42db7246ceaf293cb.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон дар Тоҷикистон таҳти унвони "Оинаи таърих" озмуни ҷумҳуриявӣ миёни осорхонаҳо баргузор мешавад. Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, озмуни мазкур бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо баргузор шуда, дар се давр ва аз рӯйи ду бахш сурат мегирад. Озмун аз ҷумла дар номинаи Беҳтарин осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва Беҳтарин хона-музей гузаронида мешавад.Даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо баргузор шуда, дар даври дуюм аз ҳар минтақаи мамлакат бо назардошти нобаробарии шумораи шаҳру ноҳияҳо теъдоди муайян пешниҳод мешаванд, омадааст дар иттилоия. Аз ҷумла аз вилояти Суғд – 2 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 3 хона-музей, вилояти Хатлон – 3 осорхонаи таърихӣ-кишваршинос, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 2 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 2 хона-музей, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 3 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ пешниҳод мегарданд. Манбаъ афзуд, ки дар маҷмӯъ, 10 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 5 хона-музей ба даври сеюм роҳхат мегирад."Даври сеюм ва маросими супоридани мукофотҳо дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо бо барномаи рангини фарҳангӣ баргузор мешавад", - омадааст дар иттилоия. Ҳадафи озмун баланд бардоштани мақоми осорхонаҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати фаъолияти онҳо дар шароити нави фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳа ва мусоидат намудан дар ободонӣ арзёбӣ мегардад. Маврид ба зикр аст, ки аз соли 1977 ҳамасола 18 май Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ҷашн гирифта мешавад.
https://sputnik.tj/20230206/dastur-raisi-sughd-qalai-sehazorsola-khujand-1054698401.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/09/1051284116_110:0:2841:2048_1920x0_80_0_0_2aa0ae0dd1f8f23cf5088aa9d57b3fdc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
озмун, беҳтарин, тоҷикистон, моҳ, ҷумҳурӣ
озмун, беҳтарин, тоҷикистон, моҳ, ҷумҳурӣ
Беҳтарин осорхонаи Тоҷикистонро муайян мекунанд
Озмун барои муайян кардани беҳтарин осорхона бо ҳузури иштирокдорон аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон давоми ду моҳ дар ҷумҳурӣ давом хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон дар Тоҷикистон таҳти унвони "Оинаи таърих" озмуни ҷумҳуриявӣ миёни осорхонаҳо баргузор мешавад.
Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, озмуни мазкур бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо баргузор шуда, дар се давр ва аз рӯйи ду бахш сурат мегирад.
Озмун аз ҷумла дар номинаи Беҳтарин осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва Беҳтарин хона-музей гузаронида мешавад.
Даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо баргузор шуда, дар даври дуюм аз ҳар минтақаи мамлакат бо назардошти нобаробарии шумораи шаҳру ноҳияҳо теъдоди муайян пешниҳод мешаванд, омадааст дар иттилоия.
Аз ҷумла аз вилояти Суғд – 2 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 3 хона-музей, вилояти Хатлон – 3 осорхонаи таърихӣ-кишваршинос, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 2 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 2 хона-музей, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 3 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ пешниҳод мегарданд.
Манбаъ афзуд, ки дар маҷмӯъ, 10 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 5 хона-музей ба даври сеюм роҳхат мегирад.
"Даври сеюм ва маросими супоридани мукофотҳо дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо бо барномаи рангини фарҳангӣ баргузор мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Ҳадафи озмун баланд бардоштани мақоми осорхонаҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати фаъолияти онҳо дар шароити нави фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳа ва мусоидат намудан дар ободонӣ арзёбӣ мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки аз соли 1977 ҳамасола 18 май Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ҷашн гирифта мешавад.