Дастури раиси Суғд барои вусъати бозсозии қалъаи сеҳазорсолаи Хуҷанд

© Дафтари матбуоти ҳукумати СуғдБозсозии қалъаи Хуҷанд
Бозсозии қалъаи Хуҷанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2023
Обуна шудан
Дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, осорхона, чойхона ва ҳаммом дар назар аст
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҷмааи таърихиву фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" бо ҷараёни корҳои бунёд, таъмиру тармими иншоот шинос шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, Қалъаи Хуҷанд таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, дар асоси дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз нав барқарор гардида истодааст.
"Дар корҳои азнавсозии иншооти қадима гуруҳи лоиҳакашон ва мутахассисони идораҳо, олимону бостоншиносон, меъморону наққошон, сохтмончиён ва ҳунармандони халқӣ, кулолгарон, рассомону кандакорон ширкат мекунанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар ҳудуди қалъа сохтмони иншооти ёрирасон низ идома дорад.
Музей Гиссарского заповедника - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2022
Кашфи маҷмааи бостонӣ дар Хонақоҳи Ҳисор
Манбаъ афзуд, алҳол беш аз 10 ширкати сохтмонӣ бо фарогирии зиёда аз 150 нафар сохтмончиён муташаккилона дар ҷодаҳои гуногуни иншооти таърихию фарҳангӣ фаъолият доранд.
Ба раиси вилояти Суғд иттилоъ дода шудааст, ки рӯзҳои наздик шумораи коргарон то ба 300 нафар расонида мешавад.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд тавзеҳ дод, ки дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳо ва бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дастур додаст.
Лентаи хабарҳо
0