https://sputnik.tj/20230325/khf-illat-takhrib-manzil-zaminjunb-guft-1055758157.html
Кӯҳна ва бидуни таҳкурсӣ: КҲФ иллати тахриб шудани манзилҳо бар асари заминҷунбӣ шарҳ дод
Кӯҳна ва бидуни таҳкурсӣ: КҲФ иллати тахриб шудани манзилҳо бар асари заминҷунбӣ шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
КҲФ аз кори якрӯзаи Комиссияи ин ниҳод, ки оқибати заминҷунбии харобиовар дар Рашту Кӯҳистони Мастчоҳ муайян мекунад, хабар дод
2023-03-25T20:30+0500
2023-03-25T20:30+0500
2023-03-25T20:40+0500
дар тоҷикистон
кҳф
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
заминҷунбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/18/1055730458_0:370:960:910_1920x0_80_0_0_461dcbe371db1b9e87e9b99473f1d9d7.jpg
ДУШАНБЕ, 25 мар – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҷамъан 197 манзили истиқоматӣ бар асари ба вуқӯъ пайвастани заминҷунбӣ зарар диданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фақулода, зимни ҷамъбасти фаъолияти якрӯзаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода хабар дод.Тибқи иттилои манбаъ, аз заминҷунбие, ки рӯзи 23 март дар Тоҷикистон рух дод, аз ҳама беш сокинони шимоли мамлакат зарар диданд, зеро маркази он дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ воқеъ буд.Ин ниҳод бо истинод ба маълумоти комиссия зикр мекунад, ки манзилҳои зарардида ҳама дар теппаҳо сохта шуда, таҳкурсӣ ҳам надоштанд.Деҳаҳои Палдорак, Ярмва Пакшифи ноҳия мазкур аз ҳама беш зарар диданд.Танҳо дар деҳаи Палдорак 77 хона зарар дид, ки аз ин миён 2 манзил комилан фурӯ рехта, 20 хонаи дигар қисман тахриб шудаанд.Ҳамчунин, дар деҳаи Ярм аз 18 хонаи зарардида, ҳашт манзил бештар тахриб шудаанд. Дар Пакшиф бошад, манзили 49 хонавода зарар дид.Заминҷунбӣ ноҳияи Раштро низ сахт ларзонд, ки дар натиҷа 55 манзили зист дар ҷамоати Такоб ва Оби Меҳнати ин ноҳия зарар диданд.Феълан, Комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хисороти ин офати табииро муайян мекунанд.Қаблан ин ниҳод гузориш дод, ки бар асари заминҷунбӣ се сокини Кӯҳистони Мастчоҳ ҷароҳатдор шуданд.
https://sputnik.tj/20230325/ghizo-masoleh-sokhtmon-kumak-sokinon-zarardidagon-mastchoh-1055756814.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/18/1055730458_0:280:960:1000_1920x0_80_0_0_fe5b7ff5df1d6264b9b7d6aea1c59823.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф аминҷунбӣ манзилҳо хароб
кҳф аминҷунбӣ манзилҳо хароб
Кӯҳна ва бидуни таҳкурсӣ: КҲФ иллати тахриб шудани манзилҳо бар асари заминҷунбӣ шарҳ дод
20:30 25.03.2023 (Навсозишуда: 20:40 25.03.2023) КҲФ аз кори якрӯзаи Комиссияи ин ниҳод, ки оқибати заминҷунбии харобиовар дар Рашту Кӯҳистони Мастчоҳ муайян мекунад, хабар дод
ДУШАНБЕ, 25 мар – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҷамъан 197 манзили истиқоматӣ бар асари ба вуқӯъ пайвастани заминҷунбӣ зарар диданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фақулода, зимни ҷамъбасти фаъолияти якрӯзаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, аз заминҷунбие, ки рӯзи 23 март дар Тоҷикистон рух дод, аз ҳама беш сокинони шимоли мамлакат зарар диданд, зеро маркази он дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ воқеъ буд.
Ин ниҳод бо истинод ба маълумоти комиссия зикр мекунад, ки манзилҳои зарардида ҳама дар теппаҳо сохта шуда, таҳкурсӣ ҳам надоштанд.
"Комиссия ба хулоса омад, ки хонаҳои зарардида солҳои 70 ва 80-и асри гузашта сохта шудаанд ва ҳангоми бунёди онҳо қоидаҳо ва меъёрҳои сохтмону меъморӣ комилан риоя нашудааст", - омадааст дар хабарномаи КҲФ.
Деҳаҳои Палдорак, Ярмва Пакшифи ноҳия мазкур аз ҳама беш зарар диданд.Танҳо дар деҳаи Палдорак 77 хона зарар дид, ки аз ин миён 2 манзил комилан фурӯ рехта, 20 хонаи дигар қисман тахриб шудаанд.
Ҳамчунин, дар деҳаи Ярм аз 18 хонаи зарардида, ҳашт манзил бештар тахриб шудаанд. Дар Пакшиф бошад, манзили 49 хонавода зарар дид.
Заминҷунбӣ ноҳияи Раштро низ сахт ларзонд, ки дар натиҷа 55 манзили зист дар ҷамоати Такоб ва Оби Меҳнати ин ноҳия зарар диданд.
Феълан, Комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хисороти ин офати табииро муайян мекунанд.
Қаблан ин ниҳод гузориш дод, ки бар асари заминҷунбӣ се сокини Кӯҳистони Мастчоҳ ҷароҳатдор шуданд.