Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Украина дар самти Донетск беш аз 340 сарбозро дар як рӯз талаф дод

© AP / Efrem LukatskyУкраинские военнослужащие
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2023
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия мегӯяд, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар самти Донетск теъдоди зиёди низомиён ва зархаридони нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки гурӯҳи "Ҷанубӣ"-и нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар самти Донетск дар як шабонарӯз беш аз 340 низомии украинӣ ва зархарид ва 24 техникаро нобуд карданд.
"Дар самти Донетск дар натиҷаи амалиёти фаъоли воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои "Ҷанубӣ", зарбаҳои ҳавоӣ ва оташфишонии тӯпхона талафоти душман дар як шабонарӯз беш аз 340 нафар низомиён ва зархаридон, ду танк, чор мошини ҷангандаи пиёдагард, шаш мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, нуҳ худрав, як дастгоҳи "Ураган" ва инчунин гаубитсаи D-20 ва D-30 нобуд карда шуд”, - омадааст дар хабари вазорат.
Военнослужащий армии Китая наблюдает в бинокль за соревнованиями  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2023
Мақомот: Артиши Чин омодааст бо нерӯҳои Русия ҳамкорӣ кунад
Илова бар ин, ин ниҳод хабар дод, ки давоми як рӯз дар самти Херсон 25 низомии украинӣ, 11 мошин ва се гаубитсаи D-30 низ талаф дода шуданд.
Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, гурӯҳи нерӯҳои мусаллаҳи "Восток" ба мавқеъҳои душман дар самтҳои Южно-Донетск ва Запороже зарба зада, дар як шабонарӯз беш аз 25 сарбози украинӣ ва 2 техникаро нобуд карданд.
Дар самтҳои Купянск ва Краснолиманск низ дар як рӯз 180 низомии украинӣ кушта шуд.
Лентаи хабарҳо
0