“CITI BANK” мехоҳад ба бозории бонкии Тоҷикистон ворид шавад

© Пресс-служба "Амонатбонка"Мулоқоти Раиси Раёсати КВД БА ҶТ "Амонатбонк" бо раҳбарияти "CITI BANK"
Мулоқоти Раиси Раёсати КВД БА ҶТ Амонатбонк бо раҳбарияти CITI BANK - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2023
Обуна шудан
Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” ва “CITI BANK” дар сатҳи амалиёти бонкӣ ҳамкории мутақобилан суманд ба роҳ мемонанд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ояндаи наздик “Амонатбонк” бо "CITI BANK"-и Бритониё ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монда, онро густариш медиҳад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ ахиран ин масъалаи дар мулоқоти Раиси Раёсати “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ ва Мудири иҷроияи кор бо институтҳои молиявии “CITI BANK” Азиз Рахман дар дафтари марказии ин бонк дар Лондон баррасӣ гардид.
“Амонатбонк” хабар додааст, ки дар ҷараёни мулоқот тарафҳо ҳамчунин дурнамои ҳамкориро байни ду бонкро баррасӣ намуданд.
“Ҷониби "CITI BANK" изҳор дошт, ки ояндаи наздик омода аст ҳамкорияшро бо "Амонатбонк" дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монад”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ба иттилои “Амонатбонк”, масоили муҳиме, ки дар ҷараёни мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин омодагӣ барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи амалиёти бонкӣ буд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2023
Эмомалӣ Раҳмон мақбул донист: номи БДА "Амонатбонк" тағйир меёбад
Роҳбарияти “Амонатбонк” дар ин мулоқот иброз доштааст, ки нишондиҳандаҳои молиявӣ дар чанд соли охир имкон медиҳанд, ки Бонк дар дилхоҳ самт ҳамкорияшро бо бонкҳои бонуфуз ва ташкилоти молиявии байналмилалӣ ба роҳ монад.
Ёдовар мешавем, ки Амонатбонк бо бонкҳои бонуфузи ҷаҳон "Сбербанк" - Русия, "Актифбонк"- Туркия, "Бонки давлатии рушд"-и Чин ва -айра ҳамкорӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0