https://sputnik.tj/20230228/rahmon-maqbul-nomi-bda-amonatbon-taghyir-1055222450.html
Эмомалӣ Раҳмон мақбул донист: номи БДА "Амонатбонк" тағйир меёбад
Эмомалӣ Раҳмон мақбул донист: номи БДА "Амонатбонк" тағйир меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Тоҷикистон ба масъулин дастур додааст, ки кишти баҳориро афзоиш ва захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили пиёз, картошкаву сабзиро таъмин кунанд
2023-02-28T17:46+0500
2023-02-28T17:46+0500
2023-02-28T18:05+0500
раҳмон
дар тоҷикистон
амонатбонк
иқтисод
маҷлиси ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054436488_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_903406d75c3c74fa5136529ce06455c6.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар Душанбе таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор шуд, ки мавзӯи асосии он баррасии вазъи БДА "Амонатбонк" ва ивази номи он будааст.Ба иттилои дафтари матбуоти президент, дар бораи масъалаҳои "Амонатбонк" ва лоиҳаи тағйири номи он ба раисҷумҳур муовини якуми вазири молияии кишвар гузориш додааст.Ба гуфтаи ӯ лоиҳаи қарор таъсири бевоситаи худро дар раддабандии байналмилалии Тоҷикистон расонида, на танҳо вазъи ҷории молиявӣ, миқдори сармоя ва маблағи қарзӣ, балки фаъолияти ояндаи молиявии ташкилоти қарзиро фарогир мебошад.Ҳамин тариқ бар асоси лоиҳаи қароре, ки Ҳукумати кишвар қабул донистааст, ҳамакнун номи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ба Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" иваз карда шуд.Дар ҷаласа лоиҳаҳои қонунҳо "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи алоқаи барқӣ" муҳокима шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шудааст.Гуфта мешавад, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қарори ҳукумати "Дар бораи алоқаи барқӣ" таъмини амнияти иттилоотӣ, рақобати озод ва рушди соҳа, пешгирии таҳдидҳои нав ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифода аз шабакаҳои алоқаи барқӣ ва ғайра мебошад.Манбаъ меафзояд, ки дар кори ҷаласа инчунин як қатор пешниҳодҳои вакилони халқи ноҳияи Зафаробод муҳокима шуда, дар фарҷом Раҳмон ба ҳозирин дастур додааст, ки барои захираи бештари маҳсулот кишти баҳорӣ вусъат дода шуда, ҳадафҳои гузоштаи ҳукумат иҷро гарданд.
https://sputnik.tj/20230206/amonatbonk-doroi-daromadi-sof-1054699412.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054436488_36:0:1853:1363_1920x0_80_0_0_059670275c8b234bd32b1ef607e4133a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон мақбул ном "амонатбон" тағйир
эмомалӣ раҳмон мақбул ном "амонатбон" тағйир
Эмомалӣ Раҳмон мақбул донист: номи БДА "Амонатбонк" тағйир меёбад
17:46 28.02.2023 (Навсозишуда: 18:05 28.02.2023) Кишвардори Тоҷикистон ба масъулин дастур додааст, ки кишти баҳориро афзоиш ва захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили пиёз, картошкаву сабзиро таъмин кунанд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар Душанбе таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор шуд, ки мавзӯи асосии он баррасии вазъи БДА "Амонатбонк" ва ивази номи он будааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти президент, дар бораи масъалаҳои "Амонатбонк" ва лоиҳаи тағйири номи он ба раисҷумҳур муовини якуми вазири молияии кишвар гузориш додааст.
Ба гуфтаи ӯ лоиҳаи қарор таъсири бевоситаи худро дар раддабандии байналмилалии Тоҷикистон расонида, на танҳо вазъи ҷории молиявӣ, миқдори сармоя ва маблағи қарзӣ, балки фаъолияти ояндаи молиявии ташкилоти қарзиро фарогир мебошад.
Ҳамин тариқ бар асоси лоиҳаи қароре, ки Ҳукумати кишвар қабул донистааст, ҳамакнун номи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ба Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" иваз карда шуд.
"Ҳамзамон қарор дода шуд, ки Шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" таъсис ва ҳайати шӯрои нозирони он тасдиқ гардад", - афзудааст манбаъ.
Дар ҷаласа лоиҳаҳои қонунҳо "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи алоқаи барқӣ" муҳокима шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шудааст.
Гуфта мешавад, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қарори ҳукумати "Дар бораи алоқаи барқӣ" таъмини амнияти иттилоотӣ, рақобати озод ва рушди соҳа, пешгирии таҳдидҳои нав ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифода аз шабакаҳои алоқаи барқӣ ва ғайра мебошад.
Манбаъ меафзояд, ки дар кори ҷаласа инчунин як қатор пешниҳодҳои вакилони халқи ноҳияи Зафаробод муҳокима шуда, дар фарҷом Раҳмон ба ҳозирин дастур додааст, ки барои захираи бештари маҳсулот кишти баҳорӣ вусъат дода шуда, ҳадафҳои гузоштаи ҳукумат иҷро гарданд.