Русия вазири тандурустии Тоҷикистонро қадрдонӣ кард

© пресс-служба Минздрава ТаджикистанаДжамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2023
Обуна шудан
Роҳбари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои саҳм гузоштан дар рушди ҳамкориҳои ду давлат бо сипоснома сарфароз гардид
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Михаил Мурашко вазири тандурустии Русия ҳамтои тоҷики худ, Ҷамолиддин Абдуллозодаро қадрдонӣ кард.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, вазири беҳдошти Русия дар ҷараёни форуми "Ҷомеа солим", ки дар шимоли Русия баргузор гардид, Абдуллозодаро барои саҳми бузург гузоштан дар рушди ҳамкориҳои ду давлат бо сипоснома сарфароз гардонд.
Гуфта мешавад, Мурашко сипосномаи вазири тандурустии Тоҷикистонро ба муовини аввали вазир, Ғафур Муҳинзода супорид.
Ёдовар мешавем, дар шаҳри Санкт Петербург форуми “Ҷомеа солим” ду рӯз идома кард, ки дар кори он намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва мутахассисони ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Врач в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2023
Беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия соли 2022 кумаки тиббӣ дарёфт кардаанд
Дар ин чорабинӣ масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ, рақамикунонии соҳа, рушди туризми тиббӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Илова бар ин, дар форуми мазкур Русия бо як қатори кишварҳои ИДМ, аз ҷумла бо Тоҷикистон дар мавриди интиқоли дору тавофуқ ҳосил кард.
Бо вуҷуди он ки тавлиди маводи доруворӣ дар Тоҷикистон сол аз сол рушт меёбад, вале воридоти доруворӣ ба кишвар ҳанӯз ҳам дар ҷои аввал қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0