https://sputnik.tj/20230322/putin-vokunish-rusiya-intiqol-uran-ukraina-hushdor-1055694912.html
Путин аз вокуниши Русия ба интиқоли урани тиҳишуда ба Украина ҳушдор дод
Путин аз вокуниши Русия ба интиқоли урани тиҳишуда ба Украина ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Русия дар бораи омодагии кишвараш барои муқовимат ба Ғарб дар сурати истифода аз силоҳи дорои ҷузъҳои ҳастаӣ гуфт 22.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-22T17:58+0500
2023-03-22T17:58+0500
2023-03-22T17:58+0500
дар русия
владимир путин
сиёсат
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/15/1055091504_0:140:3181:1930_1920x0_80_0_0_05082cd7725c7bb5ba402cbfbb6826cd.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар пайи музокирот бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин гуфт, Русия маҷбур хоҳад шуд, ки агар дастаҷамъонаи Ғарб ба истифодаи силоҳи дорои ҷузъҳои ҳастаӣ шурӯъ кунад, вокуниш нишон диҳад.Дар бораи мавҷудияти чунин имкон президент баъди пайдо шудани маълумот дар бораи нақшаҳои Лондон барои таъмини Киев бо силоҳи урандори тиҳишуда, як ҷузъи заҳролуд, ки ба саломатии мардум таҳдид мекунад, изҳори назар кард. Раҳбари Русия таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки Ғарб омода аст бо Федератсияи Русия "то охирин украинӣ на дар сухан, балки дар амал" ҷанг кунад. Ба гуфтаи раисиҷумҳур, агар ин ҳама дуруст шавад, Русия маҷбур хоҳад шуд, ки мувофиқи он посух диҳад."Ин маънои онро дорад, ки дастаҷамъии Ғарб аллакай ба истифода аз силоҳи дорои ҷузъҳои ҳастаӣ шурӯъ мекунад", - шарҳ дод Путин. Ёдовар мешавем, рӯзи 21 март Аннабел Голди, муовини вазири дифои Бритониё гуфт, ки Лондон ба ҷуз аз фиристодани як эскадрилл аз танкҳои ҷангии Challenger 2 ба Украина, инчунин снарядҳои зиреҳпӯши дорои урани харобшударо ба Киев интиқол медиҳад. Истифодаи урани харобшуда дар лавозимоти ҷангӣ бо хосиятҳои он алоқаманд аст, ки ба силоҳ таъсири баланди зиреҳпӯшӣ медиҳад ва дар паси саддҳо харобиҳои назаррасро ба бор меорад. Дар ҳоли ҳозир чунин лавозимоти ҷангӣ ҳамчун силоҳи кимиёвӣ эътироф нашудааст ва истифодаи онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ танзим карда нашудааст. Ба гуфтаи коршиноси низомӣ Константин Сивков, хатари истифодаи чунин снарядҳо дар ғубори урани дар рӯи замин ҷамъшуда аст, он радиоактивӣ буда, бениҳоят заҳролуд аст.
https://sputnik.tj/20230322/zakharova-london-payomad-istifoda-siloh-uran-namefahmad-1055683542.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/15/1055091504_189:0:2920:2048_1920x0_80_0_0_54ed150f7a104f1d730eaeb1209e9dac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, владимир путин, сиёсат , амният ва мудофиа
дар русия, владимир путин, сиёсат , амният ва мудофиа
Путин аз вокуниши Русия ба интиқоли урани тиҳишуда ба Украина ҳушдор дод
Кишвардори Русия дар бораи омодагии кишвараш барои муқовимат ба Ғарб дар сурати истифода аз силоҳи дорои ҷузъҳои ҳастаӣ гуфт
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар пайи музокирот бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин гуфт, Русия маҷбур хоҳад шуд, ки агар дастаҷамъонаи Ғарб ба истифодаи силоҳи дорои ҷузъҳои ҳастаӣ шурӯъ кунад, вокуниш нишон диҳад.
Дар бораи мавҷудияти чунин имкон президент баъди пайдо шудани маълумот дар бораи нақшаҳои Лондон барои таъмини Киев бо силоҳи урандори тиҳишуда, як ҷузъи заҳролуд, ки ба саломатии мардум таҳдид мекунад, изҳори назар кард.
"Бритониё аз забони муовини раиси вазорати дифоъи ин кишвар на танҳо аз интиқоли танкҳо ба Украина, балки силоҳ бо урани тиҳишуда низ хабар дод", - гуфт Путин.
Раҳбари Русия таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки Ғарб омода аст бо Федератсияи Русия "то охирин украинӣ на дар сухан, балки дар амал" ҷанг кунад.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур, агар ин ҳама дуруст шавад, Русия маҷбур хоҳад шуд, ки мувофиқи он посух диҳад.
"Ин маънои онро дорад, ки дастаҷамъии Ғарб аллакай ба истифода аз силоҳи дорои ҷузъҳои ҳастаӣ шурӯъ мекунад", - шарҳ дод Путин.
Ёдовар мешавем, рӯзи 21 март Аннабел Голди, муовини вазири дифои Бритониё гуфт, ки Лондон ба ҷуз аз фиристодани як эскадрилл аз танкҳои ҷангии Challenger 2 ба Украина, инчунин снарядҳои зиреҳпӯши дорои урани харобшударо ба Киев интиқол медиҳад.
Истифодаи урани харобшуда дар лавозимоти ҷангӣ бо хосиятҳои он алоқаманд аст, ки ба силоҳ таъсири баланди зиреҳпӯшӣ медиҳад ва дар паси саддҳо харобиҳои назаррасро ба бор меорад.
Дар ҳоли ҳозир чунин лавозимоти ҷангӣ ҳамчун силоҳи кимиёвӣ эътироф нашудааст ва истифодаи онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ танзим карда нашудааст. Ба гуфтаи коршиноси низомӣ Константин Сивков, хатари истифодаи чунин снарядҳо дар ғубори урани дар рӯи замин ҷамъшуда аст, он радиоактивӣ буда, бениҳоят заҳролуд аст.