https://sputnik.tj/20230327/darkhostitolibho-laghvi-tahrim-maqomot-ima-smm-1055787738.html
Дархости толибҳо барои лағви таҳрими мақомоти ин гурӯҳ аз феҳрасти сиёҳи ИМА ва СММ
Дархости толибҳо барои лағви таҳрими мақомоти ин гурӯҳ аз феҳрасти сиёҳи ИМА ва СММ
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран мақомоти толибҳо аз Созмони Милали Муттаҳид хостааст, осоми шахсиятҳои ин гурӯҳро аз феҳрасти сиёҳ ҳазф кунад
2023-03-27T17:46+0500
2023-03-27T17:46+0500
2023-03-27T17:46+0500
афғонистон
толибон
дархост
феҳрист
таҳрим
ҳазф
сиёсат
осиёи марказӣ
мақомот
смм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1c/1041945331_0:52:3012:1746_1920x0_80_0_0_09d974c7814931c097c53e5e9bf2c95d.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи толибҳо теъдоди асомии аъзои ин гурӯҳ дар феҳристи сиёҳи СММ ва Амрикоро ҳудуди 20 то 25 нафар эълом кард ва гуфт, ки соҳибони бархе аз ин асомии фавт шудаанд ва теъдоди каме аз онҳо дар фаъолиятҳо толибҳо мушорикат доранд.Сухангӯи толибҳо адами ҳазфи асомии аъзои ин гурӯҳро нақзи тавофуқнома Давҳа донист ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки ба ҷои фишор бо ҳукумати толибҳо ҳамкорӣ кунад.Оқои Муҷоҳид, аъмоли фишор ва зургӯйиро бе натиҷа тавсиф кард ва ба ду даҳаи ҷангу ишғолгариҳои Амрико ишора кунада гуфт, “бист соли ҷанг собит кардааст ки мардуми Афғонистон таслими фишорҳо нашуда ва намешаванд ва беҳтараст таомул, гуфтугӯ ва тафоҳум ҷойгузин фишор шавад.Кишварҳои ғарбӣ ва дар раси онҳо Амрико, аз дербоз барои таҳмили хостаҳои худ ба дигари кишварҳо, аз абзори таҳрим истифода мекунанд.Амрикоиҳо бо мушоҳида ҳар мухолифате, билофосила ба таҳриму сабти асомии шахсиятҳои кишвари мухолиф дар феҳристи сиёҳ мубодират мекунад.Амрикоиҳо бидуни тавваҷуҳ ба вазъияти мардуми Афғонистон бо толибҳо ҳамин равияро дар пеш гирифтааст.Ин дар ҳолест, ки таҳримҳои Амрико беш аз он ки толибонро ҳадаф қарор бидиҳад, мардуми Афғонистонро дучори мушкил карда аст.
https://sputnik.tj/20230326/ikhtilof-tolibho-amriko-doish-afghoniston-1055761078.html
афғонистон
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1c/1041945331_191:0:2922:2048_1920x0_80_0_0_b03b77923f0a1b9bb5cefcb5f9e31ce2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, има, смм, дархост, таҳрим, гурӯҳ, феҳристи сиёҳ, муҷоҳиҳд
афғонистон, има, смм, дархост, таҳрим, гурӯҳ, феҳристи сиёҳ, муҷоҳиҳд
Дархости толибҳо барои лағви таҳрими мақомоти ин гурӯҳ аз феҳрасти сиёҳи ИМА ва СММ
Ахиран мақомоти толибҳо аз Созмони Милали Муттаҳид хостааст, осоми шахсиятҳои ин гурӯҳро аз феҳрасти сиёҳ ҳазф кунад
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи толибҳо теъдоди асомии аъзои ин гурӯҳ дар феҳристи сиёҳи СММ ва Амрикоро ҳудуди 20 то 25 нафар эълом кард ва гуфт, ки соҳибони бархе аз ин асомии фавт шудаанд ва теъдоди каме аз онҳо дар фаъолиятҳо толибҳо мушорикат доранд.
Сухангӯи толибҳо адами ҳазфи асомии аъзои ин гурӯҳро нақзи тавофуқнома Давҳа донист ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки ба ҷои фишор бо ҳукумати толибҳо ҳамкорӣ кунад.
Оқои Муҷоҳид, аъмоли фишор ва зургӯйиро бе натиҷа тавсиф кард ва ба ду даҳаи ҷангу ишғолгариҳои Амрико ишора кунада гуфт, “бист соли ҷанг собит кардааст ки мардуми Афғонистон таслими фишорҳо нашуда ва намешаванд ва беҳтараст таомул, гуфтугӯ ва тафоҳум ҷойгузин фишор шавад.
Кишварҳои ғарбӣ ва дар раси онҳо Амрико, аз дербоз барои таҳмили хостаҳои худ ба дигари кишварҳо, аз абзори таҳрим истифода мекунанд.
Амрикоиҳо бо мушоҳида ҳар мухолифате, билофосила ба таҳриму сабти асомии шахсиятҳои кишвари мухолиф дар феҳристи сиёҳ мубодират мекунад.
Амрикоиҳо бидуни тавваҷуҳ ба вазъияти мардуми Афғонистон бо толибҳо ҳамин равияро дар пеш гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки таҳримҳои Амрико беш аз он ки толибонро ҳадаф қарор бидиҳад, мардуми Афғонистонро дучори мушкил карда аст.