Ихтилофи толибҳо ва Амрико дар мавриди ҳузури ДОИШ* дар Афғонистон

© AP / Ebrahim NorooziБоевики движения "Талибан" на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста
Боевики движения Талибан на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2023
Обуна шудан
Фармондиҳи амрикоӣ гуфт ки ДОИШ*-и имрӯза дар Афғонистони нисбат ба соли гузашта пас аз хурӯҷи неруҳои Амрикоӣ дар августи соли 2021 қавитар аст
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Майкл Курило, фармондиҳи амрикоӣ ахиран дар суханрониаш бо аъзои Кумитаи неруҳои мусаллаҳи Маҷлиси намояндагони Амрико таъкид кард ки ҷангҷуёни ДОИШ* доманаи амалиёти худро густариш дода ва дар Афғонистони қавитар шудаанд.
Ба гуфта генерали амрикоӣ ин созмони ҷаҳонӣ дафтаре ба ном "Алсидиқ" дорад, ки масъулияти тамоми амалиёти ДОИШ* дар кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Афғонистон, Покистон, Ҳинд ва Индонезияро бар ӯҳда дорад ва ба гуфтаи генерали аврикоӣ бо раҳбарони ин гурӯҳи иртибот наздик дорад.
Сухангӯи толибҳо Забеҳуллоҳи Муҷоҳид дар вокуниш ба изҳороти генерали амрикоӣ ҳузури шабаҳи низомиёни ДОИШ* дар Афғонистонро рад кард.
Муҷоҳид: Фаъолияти васеи ДОИШ* дар Афғонистон воқеъият надорад
Муҷоҳид гуфт, ки ҷангҷӯёни ДОИШ дар саросари кишвари саркуб ва зери ҳадаф қарор гирифтаанд.
“Онҳо дар режими Иморати исломӣ фурсате барои бартарӣ нахоҳанд дошт”,- гуфт ӯ.
Муҷоҳид дар идомаи афзуд, ки суханони фармондиҳи амрикоӣ дар воқеъ лашкаркашӣ ба нафъи шабаҳи низомиён ДОИШ* аст, ки бояд мутаваққиф шавад.
Генерали амрикоӣ пеш аз ин ҳушдор дода буд, ки то шаш моҳи оянда ДОИШ* дар Афғонистони ин потансиелро хоҳад дошт, ки манофеи Амрико ва дигар кишварҳои ғарбиро ҳадаф қарор диҳад.
Вай ҳамчунин афзуд, ки тавонои ин гурӯҳи шабаҳинизомӣ барои анҷоми амалиёт дар Асиё ва Аврупо ба суръат дар ҳол густаришаст.
ИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения Талибан* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения Талибан* Шахабуддин Делавар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2023
Амирхон Муттақӣ: ДОИШ* дар Афғонистон вуҷуд надорад
Бар асоси арзёбии генерали амрикоӣ, ки дар Маҷлиси сенати Амрико суханронӣ кард, ДОИШ* дар ояндаи наздики қодир ба анҷоми ҳамалоти террористӣ дар сарзамини аслии Амрико нахоҳад буд.
Бо ин ҳол, ӯ гуфт, ки садҳо шаҳрванди амрикоӣ дар хориҷ аз кишвар дар баробари ҳамалоти ин гурӯҳи осебпазир ҳастанд.
Генерал Курило дар идомаи афзуд, ки онҳо аз неруҳои ниёбатии Эрон – яъне паҳподҳо ё мушак – истифода мекунанд то битавонанд ба неруҳои ИМА дар Ироқ ё Сурия ҳамла кунанд".
* - созмони террористии мамнуъ дар қаламрави Русия
Лентаи хабарҳо
0