Дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт сиёсати амрикоро кӣ муайян мекунад

© Sputnik / Арам Нерсесян / Гузариш ба медиабонкСекретарь Совбеза РФ Николай Патрушев
Секретарь Совбеза РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Обуна шудан
Дабири Шӯрои амнияти Русия мегӯяд, ки сиёсати ИМА-ро корпоратсияҳои бузург муайян мекунанд ва онҳо барои фоидаи худ вазъро шиддат мекунанд
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Сиёсати ИМА-ро корпоратсияҳо ташакул медиҳанд, онҳо ба хотири фоидаи чандмиллиарддолларии худ вазъро дар ҷаҳон ташаннуҷ мекунанд, гуфт дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев.
“Дар гуфтор аз демократия ҳимоят мекунанд аммо дар асл мақомоти Амрико иқтисоди кишварро аз фасод ва равобити лоббиҳо, ки ба Кохи Сафед ва Капитолия рабт доранд, вобаста кардаанд", - гуфт оқои Патрушев дар мусоҳиба бо "Российская газета" дар остонаи баргузории дуввумин "ҳамоиши демократия" ки бо ташабуси ИМА баргузор мешавад.
Ба гуфтаи вай, раванди сиёсӣ дар Иёлоти Муттаҳида ба задухӯрди корпоратсияҳо табдил ёфтааст, ки нафарони худро дар вазифаҳои муҳими ҳукумат ҷойгир мекунанд.
Официальный представитель МИД РФ Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2023
ВУХ-и Русия: Гузориши ҷадиди ИМА дар мавриди Афғонистон ин тафриқаафканӣ дар минтақа аст
"Онҳо инчунин сиёсати хориҷиро ташкил медиҳанд, барои нигоҳ доштани бартарияти байналмиллалӣ талош мекунанд. Ҳамчунин барои миллиардҳо даромади худ аз рӯи шартномаҳои гуногун, ки шаффофияти онро худи онҳо назорат мекунанд, дар саросари ҷаҳон макони ташаннуҷ эҷод мекунанд", - илова кард Патрушев.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина равобити ИМА бо Русия дар сатҳи пастарин дар таърихи ин ду кишвар қарор дорад. Амрико бар зидди Русия таҳримҳо ҷорӣ кард ва ба артиши Украина силоҳ интиқол медиҳад бо баҳонаи ҳимоят аз озодиву демократия.
Лентаи хабарҳо
0