https://sputnik.tj/20230323/musobiqai-aspdavoni-sughd--ideo-1055716411.html
Бо иштироки садҳо тамошобин: Баргузории мусобиқаи аспдавонию бузкашӣ дар Суғд - видео
Бо иштироки садҳо тамошобин: Баргузории мусобиқаи аспдавонию бузкашӣ дар Суғд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Мусобиқаи аспдавонӣ ва бузкашӣ дар рӯзҳои Наврӯз садҳо сокини шаҳру навоҳии Тоҷикистонро дар ноҳияи Суғд гирди ҳам овард
2023-03-23T18:25+0500
2023-03-23T18:25+0500
2023-03-24T16:42+0500
дар тоҷикистон
наврӯз
бузкашӣ
пойгаи аспдавонӣ
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/17/1055718717_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_3a3632dfc1c190de6b3a0245e2d1da13.jpg
Ахиран атрофи майдони иподроми ба номи Абдураҳим Ҷумъаев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пур аз издиҳоми одамон буд. Сокинони зиёде аз шаҳру навоҳии кишвар барои тамошои ин мусобиқаи ҷолиб, яке аз тантанаҳои ҷашни "Наврӯз – 2023" гуфта мешуд ба ин ҷо омада буданд.Мусобиқаи асбдавонӣ аз рӯи ҳафт давр дар масофаҳои аз 1200 то 2200 метр баргузор гардид ва варзишгарони чолок ва аспони бодпой ба марра расиданд.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон барои инъикоси ин мусобиқаи ҷолиби варзишӣ ба иподром рафт ва ҷараёни онро ба дурбини худ сабт намуд.Умедворем баранда мешавем: Мусобиқаи қаиқронҳои тоҷик дар Слалом - видеоҒолиби мутлақи мусобиқаи аспдавонӣ жакей Азизбек Юлдошев, сокини ноҳияи Ашт гардид, ки аз ҷамъи рақибонаш аввалин шуда бо аспаш “Хайлек” масофаи 2200 метрро аввалин шуда тайн намуд.Ба нафари ғолиб, ҷоми мусобиқа, медал, телевизор, матои болопӯши асп бо навиштаҷоти “Наврӯз - 2023” ва ҳам 20 ҳаз. сомонӣ маблағ эъто карда шуд.Барои баргузории ин мусобиқа Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси суди олӣ ва раиси федератсияи човандозони Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат кард.Аз шаб то саҳар, гирди гулхан: чӣ гуна дар Боғи Ғалаба Наврӯзро пешвоз гирифтанд - видеоМаъруф Шарифиён, сардори Раёсати кишоварзии Суғд ва яке аз мубтакирони ин чорабинии наврӯзӣ гуфт, ки ин мусобиқа бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, афзоиши шумори дӯстдорони табиат ва рушди асппарварӣ дар кишвар чанд сол ба ин тараф пайваста ташкил карда мешавад.Дар кишварҳои ҳамҷавор аз ҷумла Ӯзбекистону Қазоқистон ҳам ин намуди варзиш зиёд баргузор карда мешавад.Ёдовар мешавем, ки дар "Соли нав" ё" Наврӯз - 2023" мардуми Тоҷикистон то 26 март истироҳат мекунад.Дар дигар шахру навоҳии кишвар, чорабиниҳои идона, мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷумла гуштин ва ресмонкашӣ ва озмуну ярмаркаҳо барпо мегарданд.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/17/1055718717_0:0:1440:1080_1920x0_80_0_0_101d70dbaebd73ad9f5c0de37a7a7ac2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, наврӯз, аспдавоӣ мусобиқа, иштирок, бузкашӣ, суғд
тоҷикистон, наврӯз, аспдавоӣ мусобиқа, иштирок, бузкашӣ, суғд
Бо иштироки садҳо тамошобин: Баргузории мусобиқаи аспдавонию бузкашӣ дар Суғд - видео
18:25 23.03.2023 (Навсозишуда: 16:42 24.03.2023) Мусобиқаи аспдавонӣ ва бузкашӣ дар рӯзҳои Наврӯз садҳо сокини шаҳру навоҳии Тоҷикистонро дар ноҳияи Суғд гирди ҳам овард
Ахиран атрофи майдони иподроми ба номи Абдураҳим Ҷумъаев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пур аз издиҳоми одамон буд. Сокинони зиёде аз шаҳру навоҳии кишвар барои тамошои ин мусобиқаи ҷолиб, яке аз тантанаҳои ҷашни "Наврӯз – 2023" гуфта мешуд ба ин ҷо омада буданд.
Мусобиқаи асбдавонӣ аз рӯи ҳафт давр дар масофаҳои аз 1200 то 2200 метр баргузор гардид ва варзишгарони чолок ва аспони бодпой ба марра расиданд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон барои инъикоси ин мусобиқаи ҷолиби варзишӣ ба иподром рафт ва ҷараёни онро ба дурбини худ сабт намуд.
Ғолиби мутлақи мусобиқаи аспдавонӣ жакей Азизбек Юлдошев, сокини ноҳияи Ашт гардид, ки аз ҷамъи рақибонаш аввалин шуда бо аспаш “Хайлек” масофаи 2200 метрро аввалин шуда тайн намуд.
Ба нафари ғолиб, ҷоми мусобиқа, медал, телевизор, матои болопӯши асп бо навиштаҷоти “Наврӯз - 2023” ва ҳам 20 ҳаз. сомонӣ маблағ эъто карда шуд.
Барои баргузории ин мусобиқа Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси суди олӣ ва раиси федератсияи човандозони Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат кард.
Маъруф Шарифиён, сардори Раёсати кишоварзии Суғд ва яке аз мубтакирони ин чорабинии наврӯзӣ гуфт, ки ин мусобиқа бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, афзоиши шумори дӯстдорони табиат ва рушди асппарварӣ дар кишвар чанд сол ба ин тараф пайваста ташкил карда мешавад.
Дар кишварҳои ҳамҷавор аз ҷумла Ӯзбекистону Қазоқистон ҳам ин намуди варзиш зиёд баргузор карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар "Соли нав" ё" Наврӯз - 2023" мардуми Тоҷикистон то 26 март истироҳат мекунад.
Дар дигар шахру навоҳии кишвар, чорабиниҳои идона, мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷумла гуштин ва ресмонкашӣ ва озмуну ярмаркаҳо барпо мегарданд.