Аз шаб то саҳар, гирди гулхан: чӣ гуна дар Боғи Ғалаба Наврӯзро пешвоз гирифтанд - видео

Обуна шудан
Гулхани азим садҳо нафарро аз гӯшаву канори шаҳр гирди ҳам овард ва нисфи мардум бо мусиқию нозу неъмат ва табъи болида омада буданд
Дар Боғи Ғалабаи Душанбе фарорасии Наврӯзро бо оташу рақсу бозӣ ва либоси миллӣ пешвоз гирифтанд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон низ тавонист дар ин чорабинӣ ширкат кунад.
Гулхани анъанавй як соат пеш аз субҳ фурӯзон шуд. Соли 2023, ба гуфтаи олимон, Наврӯз соати 02:30 ба вақти маҳаллӣ рух медиҳад.
Ҷашнвораи "Наврӯзи Душанбе-2023" бо меҳмонон аз Русияву Белорус баргузор шуд
Ба иштирокчиён таоми асосӣ – рамзи ид – суманак пешкаш карда шуд. Субҳидам корвони наврӯзӣ ба гардиш дар Душанбе шурӯъ кард.
Ёдовар мешавем, ки дар "Соли нав" мардуми Тоҷикистон то 26 март истироҳат мекунад.
Дар шахру навоҳии кишвар бошад, чорабиниҳои идона, озмуну ярмаркаҳо барпо мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0