Умедворем баранда мешавем: Мусобиқаи қаиқронҳои тоҷик дар Слалом - видео

Обуна шудан
"Тоҷикистон слалом опен"- мусобиқаи байналмилалӣ аст, ки бори аввал мизбони он кишвари Тоҷикистон аст
Дар Тоҷикистон маротибаи аввал мусобиқаи байналмилалииқаиқронии слалом оғоз шуд.
"Тоҷикистон слалом опен"- мусобиқаи байналмилалӣ аст, ки мизбони он Тоҷикистон аст. Мусобиқа рӯзҳои 20-24 марти соли 2023 дар дарёи Варзоб, дар наздикии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Баргузории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ дар Душанбеву Варзоб
Дарёи Варзоб аз нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма мегирад ва албатта, барои баргузории мусобиқаи мазкур мутобиқ аст. Қаблан борҳо дар дарёи Варзоб мусобиқаҳои гуногуни қаиқронӣ дар сатҳи байналмилалӣ дар замони ИҶШС доир шуда буданд.
Роҳҳои мусобиқа, ки аз тарафи ташкилотчиёни мусобиқаи "Тоҷикистон слалом Опен" гузошта мешаванд, дараҷаи баланди варзишӣ доранд, ки барои шавқовар ва беҳтар гузаронида машғулиятҳо масъулин ҳама чораҳои заруриро андешидаанд.
Аз Эрону Ироқ то Афғонистону Тоҷикистон: таҷлили Наврӯз дар ҷаҳон - акс
Барои иштирок дар мусобиқа мардон ва занони соли таваллудашон 2008 ва калонтар аз он ширкат варзида метавонанд.
Лентаи хабарҳо
0