Путин ва Сӣ "сафари бузург"-ро идома медиҳанд

© POOL / Гузариш ба медиабонкВстреча президента РФ В. Путина и председателя КНР Си Цзиньпина
Встреча президента РФ В. Путина и председателя КНР Си Цзиньпина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2023
Обуна шудан
Мулоқоти маскавии Владимир Путин ва Сӣ Ҷинпин, ки рӯзи душанбе оғоз гардида буд, то рӯзи чаҳоршанбе - то гусели меҳмони олиқадр идома хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 22 март — Sputnik, Петр Акопов. Лек ҳеҷ ҷои шубҳа нет, ки воқеаи асосӣ маҳз рӯзи душанбе рух дод: дар ҷараёни мулоқоти дӯстонаву ғайрирасмӣ дар Кремл сари як пиёла чой, ду роҳбар дар алоҳидагӣ. Дар як-ду соли охир сарони ду кишвар бо ҳам фақат як бор дар Самарқанд, дар ҳошияи мулоқоти сарони кишварҳои СҲШ вохӯрда буданд, лек вақти мулоқоти ғайрирасмӣ маҳдуд буд.
Гуфтугӯҳои мунтазами телефонӣ наметавонанд сӯҳбати зиндаро иваз намоянд ва акнун Путина ва Сӣ вақти кофӣ барои муҳокима намудани ҳама чизро доранд. Лек ҳама чиз – он маҳз чӣ ҳаст, ки эшон муҳокима хоҳанд кард?
Ин савол то андозае баъзеҳоро ҳам дар Русия ва ҳам дар Ғарб бесаранҷом кард, ки баъзеҳо ин мулоқотро таърихӣ ном мебаранду баъзеи дигар аз он ким кадом интизориҳои зиёд доранд. Масалан, таклифи якҷояи Русияву Чин дар бораи боздоштани амалиёти низомӣ дар Украина бо миёнҷигарии Чин ё худ эълон дар бораи фиристодани яроқи чинӣ ба Русия.
Лекин ин ҳама фолбинии пуч аст,зеро чизе аз ин ҳамаро интизор шудан нашояд. Аммо аз ин аҳамияти мулоқоти Путин ва Сӣ кам намешавад, баръакс,маҳз ҷой надоштани ҳангома-нишони муҳими он аст, ки муносибатҳои Русияву Чин минбаъд мустаҳкамтар шуда,ба гуфти Путин, “санги асоси суботи глобалӣ” мегарданд.
Встреча президента РФ В. Путина и председателя КНР Си Цзиньпина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2023
Додугирифт бо юан ва рубл: изҳороти Путин дар мулоқот бо Си Ҷинпин
Якум шуда имконияти назарфиреби ба таъхир гузоштани бархӯрдро Русия рад намуд: баромади Путин дар конфронси Мюнхен калидӣ шуд.
Пас аз се сол Чин таклифи Амрикоро оиди “дугоники калон” напазируфт ва одилона онро доме ҳисобид, ки "яккафармонфармо"-и ҷаҳонӣ Чини бо Амрико сабқат доштаро фирефтан мехост, лек бо он ҳисоб,ки рақобат бо Амрико вақти дуру дароз ба бархӯрд табдил намеёбад.
Дар оғози солҳои даҳум Русияву Чин вазъияте доштанд, ки бояд миқёси ҳамкориҳояшонро муайян менамуданд:зарур буд, ки ин ҳамкориҳо бояд сатҳи дигар, сатҳи баландтарро соҳиб шаванд. .
Лекин он замон вазъияти дохилии ҳарду кишвар ба ин мусоидат намекард-дар мо Путин ҳоло ба Кремл барнагашта буд, ба сифати раиси ҳукумат монда буд, Чин бошад ба иваз намудани шахси аввал омодагӣ медид.
Ва фақат соли 2012 муайянӣ омад: Путин (муқовимат ва балвои ботлоқии қисми ғарбгарои элитаро паси сар намуда) аз нав президент шуд, Сӣ бошад роҳбари Ҳизби Коммунисти Чин гардид. Баҳори соли 2013 ӯ раиси Ҷумҳурии Халқии Чин низ гардид. Соли 2013 ҳини сафари Сӣ ба Маскав ана ҳамон “дугоники калон” ташкил ёфт ва то ин дам беш аз чиҳил мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардиданд.
Ҷинпин Путинро ба Чин даъват кард
Ҳанӯз он вақт Сӣ ва Путин дарк намуда буданд, ки метавонанд ба якдигар бовар кунанд ва муносибаҳои онҳо муҳдудияти вақтро надорад. Яъне, ба муддати дуру дароз кор кардан мумкин аст-ҳам тариқи дуҷониба ва ҳам дар арсаи ҷаҳонӣ (ин самти ҳамкориҳо беш аз беш муҳимтар мегардид). Боварии шахсии шахсони аввал омили муҳими муносибатҳо байни кишварҳои мо мебошад-бе ин, чуноне, ки таҷрибаи Хрушёв ва Мао нишон дод, ҳатто иттифоқи барои тарафайн муфиду мустаҳкамтарин вайрон шуда метавонад.
Бо ин ҳама фарқияти арзишҳову фарҳангҳо, ба Русияву Чин, ба Путин ва Сӣ зарурияти саргум занонидани корҳо ва бо якдигар айёрӣ кардан мавҷуд нест, онҳо ба худ имкони софдилу бошараф буданро дода метавонанд.
Пештар ба наздикшавии ду кишвар ҷузъиётҳои нобоварӣ –дар муносибатҳои шахсии Путин ва Сӣ не, балки дар баҳои тарафайн аз ҷониби ҳукуматҳо ва элита- халал мерасониданд.Бар замми ин, чунин нобоварӣ аз ҷониби ҳам душманони умумии мо ва ҳам қувваҳои ғарбгаро дар дохили кишварҳои мо тасфонида мешуд.
Масалан, дар Пекин, пас аз ба сари қудрат омадани Трамп (ки ҷанги тиҷоратиро бо Чин эълон намуда буд), хело ҷиддӣ аз он хавф доштанд, ки Русия рӯ сӯи Амрико меорад: яке Маскав якбора хоҳад бобати хотима бахшидани заддиятҳо барои Украина ё бо Вашингтон ва сари ин масъала маслиҳаташ пазад ва барои Чин ақибгоҳу ҳамсафи боэътимод беш аз беш муҳимтар мегардид).
Боварии шахсии шахсони аввал омили муҳими муносибатҳо байни кишварҳои мо мебошад-бе ин, чуноне, ки таҷрибаи Хрушёв ва Мао нишон дод, ҳатто иттифоқи барои тарафайн муфиду мустаҳкамтарин вайрон шуда метавонад.
Бо ин ҳама фарқияти арзишҳову фарҳангҳо, Русияву Чин, ба Путин ва Сӣ зарурияти саргум занонидани корҳо ва бо якдигар айёрӣ кардан нест, онҳо ба худ имкони софдилу бошараф буданро дода метавонанд. Пештар ба наздикшавии ду кишвар ҷузъиётҳои нобоварӣ –дар муносибатҳои шахсии Путин ва Сӣ не, балки дар баҳои тарафайн аз ҷониби ҳукуматҳо ва элита- халал мерасониданд.Бар замми ин, чунин нобоварӣ аз ҷониби ҳам душманони умумии мо ва ҳам қувваҳои ғарбгаро дар дохили кишварҳои мо тасфонида мешуд.
Муҳлати "Тавофуқи ғалла" тамдид карда шуд. Ин барои Русия чӣ лозим?
Масалан, дар Пекин, пас аз ба сари қудрат омадани Трамп (ки ҷанги тиҷоратиро бо Чин эълон намуда буд), хело ҷиддӣ аз он хавф доштанд, ки Русия рӯ сӯи Амрико меорад: яке Маскав якбора бобати хотима бахшидани заддиятҳо барои Украина ё бо Вашингтон ва сари ин масъала маслиҳаташ пазад ва барои Чин ақибгоҳу ҳамсафи боэътимод нашуда, агар душман не, тамошобини бетараф шавад?
Аён аст, ки ин хавотириҳо аллакай ҳамон вақт қалбакиву бофта менамуданд ва на барои он, ки пеши роҳи Трамп аз ҷониби “давлат дар давлат” бомуаффақона гирифта шуд. Бинобар ин, ҳатто аз ҷиҳати назариявӣ Маскав ба ягон ваъдаҳои Вашингтон бобати иштирокаш барои ба худдорӣ маҷбур намудани Чин бовар намекард.
Аммо набояд фаромӯш кард, ки дар он солҳо тез-тез дар худи Русия ба ном таҳлилгарон мавзӯи ҳавоии “интиқоли қудрат”, яъне рафтани Путинро муҳокима мекарданд ва он чиз фаҳмо мегардад, ки чиниҳо ин роҳро ба назар нагирифта наметавонистанд. Агар таърихи муносибатҳои кишварҳоямонро ба назар гирем, он ҷо наметавонистанд хатарро ҳини дигар шудани самти ҳамкориҳои Маскав ба назар нагиранд (агар худдонаме чун Хрушёв,фаразан, ба сари қудрат ояду ба Амрико хушомадгӯӣ кунад, бо Амрико мувофиқае ҳосил бо Чин бошад, ногапӣ мешуд).
Пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ бошад, навсозии элитаи русиягӣ низ тезонида шуд. Агар пештар гашти Путин “ба Шарқ”-ро на он қадар ҷиддӣ мегирифтанд, акнун ҳатто “ғарбгароён”-и дирӯза низ ҷои рафтан надоранд.
Ба онҳое, ки Ғарбро интихоб намуданд (ё фикрҳои ғарбгароиро аз сар бадар накардаанд),фақат ҳаминаш мемонад, ки беақлона ба он ханданд, ки “Си Ҷинпин Путинро ба президентии Русия пешнҳод намуд”- ин пас аз он, ки раиси Ҷумҳурии Халқии Чин, сари интихоботи дар пешистода дар соли ооянда сухан кард ва изҳор дошт, ки “бовар дорад, ки халқи Русия шуморо дар ташаббусҳои некатон дастгирии хуб мекунад”.
Кӯшишҳои бовар кунонидани шаҳрвандони мо ба он, ки Русия ба балегӯяки Чин табдил меёбад,фақат ба онҳое манфиатовар аст, ки умед доранд русҳову чиниҳоро барои халал расонидан ба ҳамкории тарафайн дар замони ғуруби ҳукмронии ҷаҳонии атлантикӣ аз ҳам ҷудо созад, ҷанг андозанд.
Лекин Путин ва Сӣ дар ин “сафари бузург” дар нимароҳ истоданӣ нестанд ва ҳеҷ кас онҳоро аз роҳашон баргардонида наметавонад.
Лентаи хабарҳо
0