Муҳлати "Тавофуқи ғалла" тамдид карда шуд. Ин барои Русия чӣ лозим?

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкУборка и переработка картофеля, архивное фото
Уборка и переработка картофеля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2023
Обуна шудан
Рӯзи сешанбе, 14 март, ВКХ Русия эълон дошт, ки бо риояи шартҳои пешин созишнома дар бораи "Тавофуқи ғалла" боз ба муҳлати 60 рӯз дароз карда шуд
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik, Вадим Павлов. Маскав мусоидатро барои содироти бехатари ғалла аз се бандарҳои украинӣ дар соҳили Баҳри сиёҳ идома дода истодааст, СММ бошад барои содироти маводи озуқаву нуриҳо аз Русия ба бозори ҷаҳонӣ кӯмак расонида истодааст.
Агар қисми аввали ин муомилот ба пурравгӣ моҳи ҳаштум аст, ки ба иҷро расида истода бошад-ғаллаи украинӣ бемамоният бароварада шуда истодааст-пас, дар иҷроиши қисми дуюми муомилот-вобаста ба содироти ғаллаи Русия-муаммоҳо ҷой доранд.
Барои чӣ Русия боз мӯҳлати мумомилоти ғалларо дароз намуд. Ба ҳар ҳол, бештари коршиносон шубҳа доранд, ки давомдиҳии ин муомолиот барои Маскав фоида дошта бошад. Дар ин хусус- дар маводи Sputnik.

“Муомилоти ғалла”-таърихи муаммо

Чун анъана, Русия ва Украини дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ пешсафанд(масалан, Русия дар бозори ҷаҳонӣ бештар ғалла содирот менамояд,Украина бошад дар ин раддабандӣ дар зинаи панҷум қарор дорад).
Муаммои фурӯши ин маҳсулотҳо аз ин ду кишвар дар бозор таъсири амиқ гузошт: нархи ғаллаву нурӣ ба андозаи чашмрас боло рафт.
Украина пас аз оғози амалиёти низомии вижа бо душвориҳо дар баровардани ғаллаи содиротии худ рӯ-ба рӯ шуд (басалан, бо сабаби миназор кардани бандарҳояш аз ҷониби худи Украина) Русия бошад-бар асари фишору таҳримҳои бесобиқаи кишварҳои Ғарб, ки худашон дар сухан содироти маводи озуқаи русиягиро маҳдуд намекарда бошад ҳам, аммо дар амал содироти ғалларо бо роҳи бевосита маҳдуд намудани мабағгузаронӣ ва бо манъкуниҳои бевосита халал мерасонад (ба бандарҳои аврупоӣ роҳ нест,муаммоҳо ҳини пардохти маблағи киштиҳо дар бандарҳо,пардохти маблағи суғурта,гузаронидани амалиётҳои молиявӣ ва ғайра).
Путин: Агар тавофуқи ғалла тамдид нашавад Русия гандумро ба кишварҳои Африқо бепул медиҳад
ВКХ дар бораи дароз намудани мӯҳлати муомилоти ғалла хабар дод. Ва маҳз барои роҳ надодан ба бадтар шудани вазъияти бӯҳрони озуқаворӣ сарони кишварҳо ба танзими “маъалаи озуқаврорӣ“ машғул шуданд.
Ғарб хавотирии ҷиддиашро барои кишварҳои фақиртарин нишон дода,даъват дорад, ки ин масъала ҳар чӣ зудтар ҳал карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки бӯҳрони озуқаворӣ ҳанӯз то оғози амалиёти вижаи низомӣ оғоз гардидаст:захираи фурӯши маводи хӯрокворӣ дар тамоми ҷаҳон ва роҳҳои фурӯши он бар асари бемории ҳамагири COVID-19 вайрон шуда буд.
Ба таври ҳангуфт арзиши сузишворӣ ва захираҳои энергетикӣ боло рафт,суръати болоравии арзиши маводи озуқа беш аз дар даҳсолаи охир буд. Обхезӣ ва гармсел киштзорҳои асосии Амрикову Аврупоро нобуд сохтанд.
Нақши миёнаравро дар ин муомилот СММ ва Туркия ба зимма гирифтанд.Тибқи он дар як вақт ду созишнома баста шуд:
“Ташаббус оид ба ҳамлу нақли бехатари ғалла ва дигар маводи озуқа аз бандарҳои Украина”;
“Меморандум (ёддошти ҳусни тафоҳум) дар бораи якдигарфаҳмии ФР ва Котиботи СММ дар бораи мусоидат ба баровардани маводи озуқа ва нуриҳои истеҳсоли Русия ба бозори ҷаҳонӣ” Ҳуҷҷати аввалро бо Туркия ва СММ Русия ва Украина дар алоҳидагӣ имзо намуданд.
Ҳуҷҷати дуюм бошад, чуноне, ки аз номаш бармеояд,ба таври истисно,байни ФР ва СММ баста шудааст.

Созишнома – асос барои баҳс

Созишномаи аввал ташкили долони баҳрии бехатарро барои ҳамлу нақли маҳслоти кишоварзии Украина таъмин менамояд. Дар доираи ин созишнома, ғалла аз се бандари Украина –Одесса,Черноморск ва Южний- бароварда мешавад.
Аз оғоз муҳлати амали созишнома 120 рӯзро ташкил медод, ки баъди он,ҳини мавҷуд набудани эътирозҳои тарафҳо, созишнома ба ҳамин мӯҳлати дигар дароз карда мешуд.
Дарозкунии муҳлати созишнома 17 ноябр сурат гирифт ва бояд 18 март ба анҷом мерасид. Дар чаҳорчӯбаи ин ташаббус тавассути Баҳри сиёҳ 1600 сафари баҳрӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа беш аз 24 млн. тонна ғалла берун бароварда шуд.
Пшеничное поле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2023
Кохи Кремлин тамдиди қарордоди ғалотро нишонаи ҳусни нияти ин кишвар хонд
Ҳукуматдорони Ғарбу Украина то бастани “созишномаи ғалла”аз ташвишашон дар бораи зарурияти расонидани кӯмак ба кишварҳои фақир ва ба кишварҳои рӯ ба рушд, ки аз бӯҳрони озуқаворӣ азият мекашиданд, мегуфтанд.
Онҳо ба хатари гуруснагии сартосарӣ дар Африқо дар сурати ба имзо нарасидани созишнома барои баровардани ғалла аз Украина ишора доштанд.
Дар натиҷа воқеият он шуд, ки қариб 65 % ғаллаи аз Украина содиротшуда (дар ҳолати имрӯз) ба панҷ кишвар- Чин, Испания, Туркия, Италия ва Нидерландия-фиристода шуд.
Нашрияи австралиягии Express дар моҳи феврал хабар дод, ки қисми зиёди гандуми Украина,ба ҷои ба кишварҳои дар панҷаи гуруснагӣ будаи Африқо фиристода шудан, ба сифати хӯроки чорво ба коми хукхои испанӣ рафт.
Дар як вақт, ҳини иҷроиши ҳуҷҷати дуюм, ки тибқи он бояд СММ ба содироти маҷсулоти кишоварзиву нурӣ аз Русия ба бозори ҷаҳонӣ мусоидат намояд, муаммоҳо пеш омаданд.
Масалан, нуриҳо аз Русия дар бандарҳои Балтия, Белгии ва Нидерландия дармондаанд (аз262 ҳаз. Тонна фақат як қисмашдар ҳаҷми 20 ҳаз. тонн ба давлат аз Африқои ҷанубӣ-Малавӣ-фиристода шуд).Масъалаҳои пардохти маблағ тавассути бонкҳо, ки ба содироти нуриҳо ва маводи озуқа халал мерасонанд, масъалаҳои ҳамлу нақл то ҳол ҳалли худро наёфтаанд.
Хатти интиқоли аммиаки Толятти-Одесса аз ҳисоби мавқеи пешгирифтаи Украина то ҳол кор намекунад. Бо наздикшавии 18 март –замоне, ки мӯҳлати амали “муомилоти ғалла” ба поён мерасад, муовини сардори ВКХ Сергей Вершинин эълон дошт, ки Русия ба иҷроиши самараноки созишнома оид ба содироти маҳсулоти кишоварзии худ барои боз ба мӯҳлати нав давом донаи ин ҳуҷҷат такя менамояд.
Ӯ изҳор дошт, ки Русия зидди дароз намудани мӯҳлати “созишномаи ғалла” нест, лекин фақат барои то 60 рӯз. Ҷонишини сарвазири Украина Александр Кубраков аз ин норизо шуд. Ба гуфти ӯ, мавқеи Русия бо ҳуҷҷати моҳи июли соли 2022 имзошуда, ки мӯҳлати дарозкуни 120 рӯз гуфта шудааст, мувофиқат намекунад.
Дар иҷро нагардидвни қисмати дуюми муомилот, ки ба содироти ғаллаи Русия вобаста аст, ва дар кор кор накардани халли интиқоли аммиаки Тольятти-Одесса ҷаноби Кубраков ягон мухолифат бо созишномаи пештар имзошударо намебинад.
Ҳамчунин дар суханони ҷонишини вазири инфрасохтори Украина Юрий Васьков дар он хусус, ки Киев ният дорад мӯҳлати созишномаро барои як сол дароз намояд ва боз як бандари навро ба созишнома (Николаве) илова намудааст, ҷаноби Кубраков боз ҳам мухолифат бо созишномаро намебинад.
Дар Иттиҳоди аврупо умумман чунин меҳисабанд, ки “муомилоти ғалл ” маҷмӯи ҳуҷҷатҳо шуда наметавонад, зеро зеро аз ҷониби Русия “ҳайати имзокунандагони” ҳуҷҷатҳо дар бораи бехатар баровардани ғаллаи украинӣ ва меморандум дар бораи мусоидат ба содироти нурӣ ва маҳслоти озуқаворӣ гуногунанд.
Ба ҳар ҳол, 22 июл, ба андешаи ИА, ду ҳуҷҷати тамоман гунногуни ба якдигар рабт надошта ва аз якдигар вобаста набуда ба имзо расонида шуда буданд. Яъне, ки он далел, ки ҳарду созишнома дар як рӯз ва дар як макон ба имзо расонида шудаанд , ва бе имзои як ҳҷҷат имзои ҳуҷҷати дигар ғайриимкон буд, ИА , албатта, мадди назар мекунад.
Умуман, аллкай бозии анъанавии ғарбӣ бо гӯё ки шаклгирии норавшану нофаҳмо аллакай оғоз гардид.

Барои чӣ Русия розӣ шуд муҳлати созишномаро дароз намояд?

Ҳукумати Русия ва коршиносон аз Русия вобаста ба иҷро нагардидани қисмати дуюми созишнома, ки ба содироти ғалла аз Русия дахл дорад, на як бору ду бор баромадҳои танқидомез бобати “ташаббуси ғалла”доштанд.
Пас барои чӣ Маскав розӣ шуд мӯҳлати ин созишномаро дароз анмояд.Ҷавоб оддист:Русия бояд маҳсулоти кишоварзи худро ба фурӯш барорад. Русия нисбат ба оне, ки худаш истеъмол менамояд, хело зиёд ғалла истеҳсол менамояд.
Бинобар ин, маҳдуд будани дастрасӣ ба бозори ҷаҳонӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии русиягӣ айни муддао нест.
Чуноне, ки президент Русия Владимир Путин қайд намуд, дар соли 2022 дар кишвар ҳосили рекордии ғалла –дар ҳаҷми наздик 153-155 млн тонна (соли пеш 120,7 млн тонн буд)-ҷамъоварӣ намудааст.
Ин гуна ҳосили баланди бесобиқаро натанҳо дар замони Федератсияи Русия, ҳатто дар РСФСР ҳам набардошта буданд. Содирот низ рекордӣ хоҳад шуд (рекорди пешин – наздик 49 млн тонна).
Мувофииқи маълумоти Вазорати кишоварзии ФР, аз оғози мавсим (соли кишоварзӣ аз 1 июл то 30 июн давом мекунад) аллакай наздик 40 млн тона ҳалла содирот намудааст. Дар ҷамъбасти соли кишоварзӣ ин нишондиҳанда (бо назардошти ҳамаи маҳдудкуниҳои инфрасохторӣ ва таҳримӣ) метавонад 53-54 млн тоннро ташкил диҳад, - гуфт дар ҷараёни конфронси "Агротренди России 2022-2023" (“Навгониҳои соҳаи кишоварзии Русия-2022-2023”) ҷонишини директори генералии ширкати "Объединенной зерновой компании" Ксения Боломатова.
Қазоқистон мушаххас кард, ки ба Тоҷикистон чӣ қадар гандум содир кардааст
“Агар маҳдудкуниҳо намешуданд, шояд аз 60 млн зиёд мешуд,”-изҳор дошт ӯ.
Барои он, ки ин ҳаҷми ғалла содирот карда шавад, имкониятҳои дилхоҳи содиротӣ, ки мктавонанд дар шароити ҷории геополитикӣ амал карда тавонанд, заруранд.
Ва “муомилати ҳалла” имрӯз,хуб ё бад, ин имкониятро фароҳам меорад. (яке аз мисолҳо-афзоиширасонидани бор тавассути роҳҳои хушкӣ то бандарҳои ҳавзаи баҳри Азову Баҳри сиёҳ дар соли 2022 ба андозаи 6% нисбат ба соли 2021 мебоавд).
Оё баромадан аз ин созишнома ба ягон дигаргунии беҳтаре мебарад, гуфтан маҳол аст. Дар ин ҳол, вазъияти бе ин ҳам мураккаби содироткунандагони Русия ҳини кашонидани бори худ боз ҳам печидатар мегардад.

Бар ҳарифон ғалаба намуда

То он даме, ки Русия истеҳсол ва содироти ғалларо тақвият мебахшад, Украина натавонист аз пастшавии ҳосилнокӣ ва кам шудани содироти он ба хориҷ пешгирӣ намояд.
Тибқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии (ФАО) СММ содироти ғалла аз бандарҳои баҳрисиёҳии Украина аз моҳи июли соли 2022то моҳи феврали 2023
(дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта) – аз 42,6 млн тонн то 19,2 млн тонн - ба андозаи ду баробар кам шуд. Дар умум бошад, Русия ҳаҷми истеҳсоли ғалларо ҷариб ба ҳамин андозае, ки содироти Украина кам гардид(~23 млн тонн), зиёд намуд (~33-35 млн тонн).
Ҳини аз байн бардани маҳдудиятҳо Русия имкони содироти боз ҳамин қадар ғалларо (наздик 60 млн тонна) дорад-он ҳаҷме, ки “замини ҳосилхези украинӣ”, ба гуфти директори ассотсиатсияи ғаллакорони Украина Сергея Иващенко,соли равон ин кишвар истеҳсол намудааст.
Воқеан, ҳосили 65 млн тоннагӣ барои Украина ҳосили маъмулист. Дар даҳ соли охир Украина мунтазам ана ҳамин гуна ҳосил мерӯёнад. Ҳоло, ки дар пасманзари амалиёти низоми Украина дар бораи паст гардидани истеҳсоли ғалла мегӯяд, рӯбаҳӣ мекунад.
Гап сари он аст, ки онҳо диққати ҳамагонро ба нишондиҳандаҳои ҳосили соли 2022 ҷалб менамоянд, ки барояшон рекордӣ буд (84 млн тонна дар якҳоягӣ бо лӯбиёгиҳо, бо назардошти растаниҳои равғандиҳанда бошад-106,6 млн тонна).
Ҳушдори Маскав аз иғвои Киев бо моддаи радиоактивӣ
Даромади Украина дар соли таҷвимии 2022, ба гуфти коршиносон(ҳам русиягиву ҳам украиниву ҳам байналхалқӣ), ба андозаи ду баробар ё аз он ҳам бештар кам шудааст. Русия бошад, аз рӯи маълумоти Маркази федеролии рушди маҳсулоти содиротии комплекси агросаноатӣ (ФГБУ "Агроэкспорт"), дар соли 2022 содироти ғалларо бо ченаки пулӣ ба андозаи 15% афзоиш дод.
Аз рӯи ҷамъбасти соли кишоварзӣ, эҳтимол меравад, ки фарқияти даромади Маскаву Киев боз ҳам бештар мешавад. Ва ин фарқият бо сабаби коҳиш ёфтани истеҳсоли ғалла дар Украина дар ояндаи наздик фақат меафзояд.
Тибқи пешгӯии директори маркази таҳлилии ПроЗерно" Владимира Петриченко, дар соли 2023 он ба андозаи то 38 млн тонна поён мефарояд.
Ҳамин тавр, Русия дар асл метавонад дар бозори ҷаҳонӣ содироти ғалларо зиёднамояд. Дар маҷмӯъ, дар сурати ба таври кофӣ баланд будани арзиши ғалла равшан мегардад, ки фоидаи иқтисодии Русия аз содироти ғалла, азҷумла тибқи“созишномаи ғалла” зиёд мегардад, ки ба маротиб бештар аз фоидаи дар ин маврид доштаи Украина мебошад.
Ҳамин ҳолат дар мавриди фурӯши равғани офтобпараст низт низ ҷой дорад. Агар дар мавсими 2021/2022 ҳиссаи содироти Украина дар фурӯш ба бозори ҷаҳонӣ 40%, ҳисаи Русия бошад – 29%-ро ташкил медод, акнун мувозинаи қвваҳо тағъир меёбад.
Тибқи пешгӯии моҳи февралии Вазорати кишовразии ИМА, аллакай дар соли кишоварзии равон ФР метавонад Украинаро аҷиб гузошта, дар фурӯши равғани офтоппараст дар бозори ҷаҳонӣ мақоми аввалро ишҳол намояд.
Зикр менамоем, ки дар соли таҷвимии 2021 равғани офтобпараст ба Украина байни ҳама маҳсулотҳои кишовразии содирот намуда истодааш аз ҳама даромади зиёд -6,4 млрд.доллар-овард.
Дар баробари ин, Русия мавқеи пешсафии худро дар бозори ҷаҳонии содироти ғалла мустаҳкам намуда истодааст.

Ба хотири дӯстӣ

Дигар мавриди муҳими “муомилоти ғалла” –ин рушди муносибатҳои Русия бо кишварҳои дӯст мебошад. Аввал ин, ки созишнома искон медиҳад арзиши ҳалларо назорат бурда шавад, азҷумла-ба поён рафтани он мусоидат менамояд.
Ба ин бошад бисёрии кишварҳои аз ҳалла вобаста будаи Африқову Осиё сахт ҳавасманданд. Ҳамион кишварҳои “ҷитъаи сиёҳ” омодагии Русияро барои ҳимоояи манфиатҳояшон дида истодаанд (дар фарқ аз ИА, ки бозори ҳалларо танг намуда,ҷисми зиёди ғаллаи Украинаро худ гирифта истодаст) .
Рушди муносибатҳои дӯстона бо онҳо бошад барои Маскав хело муҳим аст. Фақат ёдовар мешавем, ки дар соли сипарӣ дар овоздиҳи дар Ассамблеяи генералии СММ бисёрии кишварҳои африқоӣ қарор дар бораи маҳкум намудани Русия барои гузаронидани амалиёти вижаи низомиро дастгирӣ накарданд.
Дуюм ин, ки давлатҳои дӯст имрӯз таъминоти мунтазам бо маҳсулоти озуқавориро доранд. Русия бошад, дар навбати худ, дар ин бозор, содироти худро афзоиш дода, мавқеашро мустаҳкам намуда истодааст.
Лавров: Маскав нақшаи Ғарбро вайрон кард
Так, по данным "Агроэкспорта" и Россельхознадзора, в 2022-м году российское зерно и продукты его переработки покупали 126 стран, а крупнейшими их покупателями стали дружественные страны Ближнего Востока, Азии, Африки и союзники по ЕАЭС.
Ҳамин гуна, тибқи маълумоти “Агроэкспорта" ва Россельхознадзор дар соли 2022 ҳаллаи Русия ва маҳсулоти аз он истеҳсолшударо 126 давлат харидорӣ намуданду ва калонтарин харидорони ин маҳсулот давлатҳои дӯст аз Шарқи наздик, Осиё, Африқо ва иттифоқчиён аз СПАД Манфиати ғайриинтизорӣ барои Русия ҳамчунин норозигӣ байни кишварҳои Аврупо гашт.
Пештар ИА реҷаи савдои бо боҷро барои кишоварзони украинӣ ҷорӣ намуда буд, ки ба фурӯши танзимнашавандаи ғалла аз Украина, ба бӯҳрони кишоварзони онҳо, ба зарар дидан ва то ба муфлисшавии фермерони онҳо оварда расонид.
Ҳамин тавр, дар бархе аз калонтарин шаҳрҳои Булғористон кишоварзон ба эътирози умумии бемӯҳлат баромаданд. Дар Лаҳистон умуман, лоиҳаи қонунеро омода намуданд, ки барои овардани ҳар тонна гандуми Украина ситонидани 1000 долларо ба хотири ҳифзи истеҳсолкунандаи ватанӣ пешбинӣ менамояд.
Дар бораи норозигиҳо дар Венгрия, Румыния, Словакия ваЧехия низ хабарҳо мерасанд.

Ва боз дар бораи нурӣ

Ғайр аз ин, яке аз нуктаҳои асосии “муомилоти ғалла” ин дароз намудани мӯҳлати он бо ташаббуси Русия боз ба 60 рӯз мебошад (Киев 12 рӯз ё умуман 365 рӯзро мехост). Эҳтимол, он огоҳии СММ маҳсуб меёбад.
Ё он манфиате, ки Украина дорад -агар маҳдудиятҳо дар фурӯши нуриҳои русиягӣ бардошта нашаванд, мумкин, ки имрӯз ё пагоҳ то як дараҷа пешгирӣ карда шавад.
Дар ин маврид хотиррасон менамоем, ки Русия истеҳсолкунандаи асосии нуриҳо дар бозори ҷаҳонӣ мебошад (ҳиссаи Руся дар ин бозор, аз рӯи баъзе маъламотҳо аз 14 до 23%-ро ташкил медиҳад).
Лавров: Ғарб мехоҳад Русияро ба ҷанг кашад
Наандешидани чораҳо аз ҷониби СММ барои кушодани роҳ ба содироти нуриҳо аз Русия(ба ҷои боздоштани нуриҳои Русия дар бандарҳо бар асари таҳримҳои таҳримҳои Ғарб), фақат ба оқибатҳои ғамангез оварда мерасонад. Зеро дар ҷаҳон ҳосилнокӣ паст мегардаду теъдоди гуруснагон меафзояд.
Дар СММ соли 2022-ро соли “гуруснагии бесобиқа” гуфтанд. Ҳангоми набудани дигаргунӣ дар сиёсати Ғарб дар соли 2023 қисми зиёди ҷаҳон дар соли 2023 вазъи бадтареро дошта метавонад.
Лентаи хабарҳо
0