Ҷинпин Путинро ба Чин даъват кард

© POOL / Гузариш ба медиабонкВстреча президента РФ В. Путина с председателем КНР Си Цзиньпином
Встреча президента РФ В. Путина с председателем КНР Си Цзиньпином - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2023
Обуна шудан
Роҳбари Чин, ки ҳоло бо сафари давлатӣ дар Русия қарор дорад, ҳамтои русашро дар дилхоҳ вақти барои ӯ мувафиқ ба меҳмонӣ даъват кард
ДУШАНБЕ, 21 март — Sputnik.Раиси ҷумҳурии Чин Си Ҷинпин гуфт, ки ӯ аз раисиҷумҳури Русия Владимир Путин даъват кард, ки имсол ба Чин сафар кунад.
"Дирӯз ман расман президент Путинро даъват кардам, ки дар замони барояш мувофиқ ба Чин сафар кунад", - афзуд роҳбари Чин зимни мулоқот бо сарвазири Русия.
Вай ёдовар шуд, ки имсол Чин мизбони севумин анҷумани байналмилалии сатҳи баланд "Як камарбанд - як роҳ" хоҳад буд, ки Путин дар ду форуми қаблӣ ширкат варзид.
Роҳбари Чин рӯзи 20 март бо як сафари давлатӣ вориди пойтахти Русия шуд. Сафари ӯ то 22 март идома хоҳад кард.
Ҷинпинро ҳанӯз моҳи декабри соли 2022 кишвардори Русия ба Маскав даъват карда буд. Он замон роҳбари Русия гуфт, "ин сафар бояд рӯйдодҳои асосии сиёсии сол дар муносибатҳои дуҷониба гардад.
Председатель КНР Си Цзиньпин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2023
Ҷинпин: тақвият ва густариши равобит бо Русия, интихоби стратегии Чин аст
Си Ҷинпин ба ҳайси роҳбари ҷумҳурӣ аз соли 2013 ба ин сӯ ҳашт маротиба аз Русия дидан кардааст, ки нисбат ба дигар кишварҳо бештар аст.
Дар маҷмӯъ, дар даҳ соли охир Владимир Путин ва Си Ҷинпин беш аз 40 маротиба дар шаклҳои гуногун мулоқот кардаанд.
Бояд гуфт, ин нахустин сафари хориҷии раҳбари Чин пас аз дубора интихоб шуданаш ба даври сеюм аст.
Лентаи хабарҳо
0