https://sputnik.tj/20230321/vukh-rusiya-kishvarho-nametavonand-hal-masala-ukraina-miyonarav-1055654611.html
ВУХ Русия кишварҳоеро ном бурд, ки наметавонанд дар ҳалли масъалаи Украина миёнарав бошанд
ВУХ Русия кишварҳоеро ном бурд, ки наметавонанд дар ҳалли масъалаи Украина миёнарав бошанд
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан мақомдори Мюнхен хостори таъсиси гурӯҳи тамос оид ба Украина барои "оғози раванди сулҳ" шуда буд 21.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-21T10:52+0500
2023-03-21T10:52+0500
2023-03-21T10:52+0500
дар русия
украина
амрико
олмон
фаронса
има
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0d/1032617342_0:0:2979:1677_1920x0_80_0_0_96c31393a4ae9fa138501165f3bdb09a.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Амрико, Британия, Фаронса ва Олмон наметавонанд нақши миёнаравҳои бетарафро дар раванди сулҳ дар Украина бозанд, онҳо иштирокчиёни муноқиша бо Русия мебошанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Русия.Қаблан раиси пешини Конфронси Амнияти Мюнхен Волфганг Ишингер хостори таъсиси гурӯҳи тамос оид ба Украина барои "оғози раванди сулҳ" шуда буд. Он бояд Вашингтон, Лондон, Париж ва Берлинро дарбар гирад."Мо расман дар бораи ин иқдом чизе намедонем. <...> Бо вуҷуди ин, идеяи Ишингер саволҳои қонуниро ба миён меорад. Пеш аз ҳама, барои он ки ин чаҳор кишвари зикршуда иштирокчиёни низоъ бо Русия ҳастанд, ки дар қаламрави Украина идома дорад”, - афзудаанд дар вазорат.Ин ниҳод қайд намуд, ки ин кишварҳо нерӯҳои Украинаро бо аслиҳа таъмин мекунанд, ба онҳо маълумотҳои иктишофӣ ва таъиноти мақсаднок медиҳанд, Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро таълим медиҳанд ва зархаридонро ба минтақаи амалиёт мефиристанд.ВУХ Русия қайд кард, ки қаблан ин кишварҳо "бо пуштибонӣ аз табаддулоти зиддиконститутсионӣ дар майдон худро бадном карданд."Бо чунин бархӯрдҳо Иёлоти Муттаҳида, Британияи Кабир, Фаронса ва Олмон наметавонанд нақши миёнаравҳои бетарафро дар оғози раванди сулҳ талаб кунанд. Онҳо ба ҳалли бӯҳрон манфиатдор нестанд ва корҳоро мекунанд, ки то ҳадди имкон муқовимат тӯл кашад”, - гуфтаанд дар вазорат.Русия борҳо изҳор доштааст, ки омодаи музокирот барои ҳалли низоъ аст, аммо Киев дар сатҳи қонунгузорӣ ба музокирот иҷозат намедиҳад.
https://sputnik.tj/20230301/pentagon-bar-on-ast-ki-nizo-dar-ukraina-metavonad-chand-sol-davom-kunad-1055235577.html
украина
амрико
олмон
фаронса
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0d/1032617342_190:0:2921:2048_1920x0_80_0_0_b2425eb71143b16414f8e002a7bbb71a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, украина, амрико, олмон, фаронса, има, сиёсат
дар русия, украина, амрико, олмон, фаронса, има, сиёсат
ВУХ Русия кишварҳоеро ном бурд, ки наметавонанд дар ҳалли масъалаи Украина миёнарав бошанд
Қаблан мақомдори Мюнхен хостори таъсиси гурӯҳи тамос оид ба Украина барои "оғози раванди сулҳ" шуда буд
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Амрико, Британия, Фаронса ва Олмон наметавонанд нақши миёнаравҳои бетарафро дар раванди сулҳ дар Украина бозанд, онҳо иштирокчиёни муноқиша бо Русия мебошанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Русия.
Қаблан раиси пешини Конфронси Амнияти Мюнхен Волфганг Ишингер хостори таъсиси гурӯҳи тамос оид ба Украина барои "оғози раванди сулҳ" шуда буд. Он бояд Вашингтон, Лондон, Париж ва Берлинро дарбар гирад.
"Мо расман дар бораи ин иқдом чизе намедонем. <...> Бо вуҷуди ин, идеяи Ишингер саволҳои қонуниро ба миён меорад. Пеш аз ҳама, барои он ки ин чаҳор кишвари зикршуда иштирокчиёни низоъ бо Русия ҳастанд, ки дар қаламрави Украина идома дорад”, - афзудаанд дар вазорат.
Ин ниҳод қайд намуд, ки ин кишварҳо нерӯҳои Украинаро бо аслиҳа таъмин мекунанд, ба онҳо маълумотҳои иктишофӣ ва таъиноти мақсаднок медиҳанд, Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро таълим медиҳанд ва зархаридонро ба минтақаи амалиёт мефиристанд.
"Ин давлатҳо алайҳи Русия таҳримҳои ғайриқонунӣ ҷорӣ карданд, дороиҳои хориҷии онро масдуд карда, таъсиси додгоҳи муҷозоти раҳбарияти Русияро талаб мекунанд”, - афзуданд мусоҳибони агентӣ.
ВУХ Русия қайд кард, ки қаблан ин кишварҳо "бо пуштибонӣ аз табаддулоти зиддиконститутсионӣ дар майдон худро бадном карданд.
"Бо чунин бархӯрдҳо Иёлоти Муттаҳида, Британияи Кабир, Фаронса ва Олмон наметавонанд нақши миёнаравҳои бетарафро дар оғози раванди сулҳ талаб кунанд. Онҳо ба ҳалли бӯҳрон манфиатдор нестанд ва корҳоро мекунанд, ки то ҳадди имкон муқовимат тӯл кашад”, - гуфтаанд дар вазорат.
Русия борҳо изҳор доштааст, ки омодаи музокирот барои ҳалли низоъ аст, аммо Киев дар сатҳи қонунгузорӣ ба музокирот иҷозат намедиҳад.