https://sputnik.tj/20230320/putin-tavofuq-ghalla-tamdid-rusiya-gandum-1055647329.html
Путин: Агар тавофуқи ғалла тамдид нашавад Русия гандумро ба кишварҳои Африқо бепул медиҳад
Путин: Агар тавофуқи ғалла тамдид нашавад Русия гандумро ба кишварҳои Африқо бепул медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия гуфт, ки дар сурати тамдид нашудани тавофуқи ғаллот Русия ҳаҷми маводи ғизоиро ба кишварҳои Африқо ба таври ройгон равон хоҳад кард
2023-03-20T18:20+0500
2023-03-20T18:20+0500
2023-03-20T18:25+0500
дар русия
владимир путин
ройгон
ғалла
тавофуқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/1a/1055183176_0:0:3070:1728_1920x0_80_0_0_c9937fdb78a35e43e7aefa5fa77c7e06.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Агар созишномаи ғалла тамдид нашавад, Русия омода аст ба кишварҳои ниёзманди Африқо ҳаҷми пешбинишудаи ғалларо ройгон таъмин кунад, гуфт раисиҷумҳури Русия Владимир Путин."Агар мо тасмим гирем, ки ин тавофуқро пас аз 60 рӯз дигар тамдид накунем, мо омодаем тамоми ҳаҷми интиқоли пешбинишудаи ғалларо ба кишварҳои Африқо, ки қаблан Русия равон мекардем ба ин кишварҳо ройгон бидиҳем" гуфт Путин дар конфронси байналмилалии парламентии "Русия — Африқо дар чаҳони бисёркутбӣ".Ёдовари мекунем, ки чанде пеш эълом кард, ки “тавофуқи ғалот” ба муддати 60 рӯз тамдид шуд.Тамдиди 60 рӯзаи "тавофуқоти ғаллот" нишонае аз ҳусни нияти Маскав аст, зеро бахши дувуми он марбут ба лағви таҳримҳои содироти маводи ғизоӣ ва кӯдҳои русӣ аст, ҳануз иҷро нашудааст."Шароите, ки ба унвони бахши ҷудоинопазир аз муомила тавофуқ шуда буд, иҷро нашуд. Бинобарин ба таври куллӣ, ҳамонтавре, ки медонед муомила наметавонад рӯй як пой истода бошад, бинобарин ин навъе аз амали ҳусни ният аз сӯйи Русия аст", - гуфт Дмитрий Песков.Сухангӯи раисҷумҳур ёдрас шуд, ки Кохи Кремлин аз талошҳои шахсии Антониои Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид барои ҳали масаълаи рафъи маҳдудиятҳо қадрдонӣ мекунад.Айни замон, ҳамонтавре, ки намояндаи раисҷумҳури Русия хотирнишон кард, Гутерриш натавонист девори холии ғарби ҷамъиро бишиканад.Ин қарордод дар 18 ноябри соли гузашта имзо шуд, аммо шароити он ба маънои тамдиди худкор ба муддати 120 рӯз ( то 18 март ) бидуни эътирози ҳеҷ як аз тарафайн буд.
https://sputnik.tj/20221213/olimon-rus-tojikiston-ghalladonav-lubiyogi-tahiya-1053477405.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/1a/1055183176_215:0:2946:2048_1920x0_80_0_0_acb384659f06303a49bd70a677d59814.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тавофуқ, ғалла, тамдид, гандум, ройгон, африқо, владимир путин
русия, тавофуқ, ғалла, тамдид, гандум, ройгон, африқо, владимир путин
Путин: Агар тавофуқи ғалла тамдид нашавад Русия гандумро ба кишварҳои Африқо бепул медиҳад
18:20 20.03.2023 (Навсозишуда: 18:25 20.03.2023) Раисҷумҳури Русия гуфт, ки дар сурати тамдид нашудани тавофуқи ғаллот Русия ҳаҷми маводи ғизоиро ба кишварҳои Африқо ба таври ройгон равон хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Агар созишномаи ғалла тамдид нашавад, Русия омода аст ба кишварҳои ниёзманди Африқо ҳаҷми пешбинишудаи ғалларо ройгон таъмин кунад, гуфт раисиҷумҳури Русия Владимир Путин.
"Агар мо тасмим гирем, ки ин тавофуқро пас аз 60 рӯз дигар тамдид накунем, мо омодаем тамоми ҳаҷми интиқоли пешбинишудаи ғалларо ба кишварҳои Африқо, ки қаблан Русия равон мекардем ба ин кишварҳо ройгон бидиҳем" гуфт Путин дар конфронси байналмилалии парламентии "Русия — Африқо дар чаҳони бисёркутбӣ".
Ёдовари мекунем, ки чанде пеш эълом кард, ки “тавофуқи ғалот” ба муддати 60 рӯз тамдид шуд.
Тамдиди 60 рӯзаи "тавофуқоти ғаллот" нишонае аз ҳусни нияти Маскав аст, зеро бахши дувуми он марбут ба лағви таҳримҳои содироти маводи ғизоӣ ва кӯдҳои русӣ аст, ҳануз иҷро нашудааст.
"Шароите, ки ба унвони бахши ҷудоинопазир аз муомила тавофуқ шуда буд, иҷро нашуд. Бинобарин ба таври куллӣ, ҳамонтавре, ки медонед муомила наметавонад рӯй як пой истода бошад, бинобарин ин навъе аз амали ҳусни ният аз сӯйи Русия аст", - гуфт Дмитрий Песков.
Сухангӯи раисҷумҳур ёдрас шуд, ки Кохи Кремлин аз талошҳои шахсии Антониои Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид барои ҳали масаълаи рафъи маҳдудиятҳо қадрдонӣ мекунад.
Айни замон, ҳамонтавре, ки намояндаи раисҷумҳури Русия хотирнишон кард, Гутерриш натавонист девори холии ғарби ҷамъиро бишиканад.
Ин қарордод дар 18 ноябри соли гузашта имзо шуд, аммо шароити он ба маънои тамдиди худкор ба муддати 120 рӯз ( то 18 март ) бидуни эътирози ҳеҷ як аз тарафайн буд.