Лавров: Ғарб мехоҳад Русияро ба ҷанг кашад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2023
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷаи Федератсияи Русия гуфт, ки ба далели пешрафти фаъоли нерӯҳои низомии НАТО бархӯрди тӯлонӣ бо ҷаҳони Ғарб ногузир аст
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Маскав дар муборизаи Ғарб барои раҳбарӣ дар ҷаҳон монеа нест, гуфт вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар конгресси муассисони Ҷамъияти байналмилалии русдӯстдорон.
Вай таъкид кард, вақте, ки давлатҳои Ғарб нияти мутеи худ гардондани тамоми ҷаҳон, аз ҷумла минтақаи Осиёро мекунанд, ин манфиатҳое нестанд, ки бо онҳо розӣ шудан мумкин аст.
"Фикр намекунам, ки ҳисси адолат, ки хоси мардуми Русия ва аксари тамаддунҳои ҷаҳонӣ аст, набояд ҳарфи сангине бигӯяд", - афзуд Лавров.
Дипломати рус ҳамчунин мутмаин аст, ки ба далели пешбурди фаъоли контингенти низомӣ ба Осиё муқовимат бо кишварҳои ғарбӣ солҳои тӯлонӣ идома хоҳад кард.
Чормағзи пуч ё Амрико чӣ “армуғон”-е барои кишварҳои Осиёи марказӣ омода намудааст
"Ман тасаввур карда наметавонам, ки чӣ гуна тамаддунҳои бузурги Осиё ба таври оддӣ забт мешаванд, чуноне,ки мутаассифона, Иттиҳоди Аврупоро гирифтанд ва нақшаҳои Вашингтон ва дигар ҳамкорони англосаксониро итоаткорона иҷро хоҳад кард", - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0