Мирзонабот бо сокинони Ванҷ Наврӯзро ҷашн гирифт - акс

© Хадамоти матбуотии раиси ВМКБТаҷлили Наврӯз дар Ванҷ
Таҷлили Наврӯз дар Ванҷ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2023
Обуна шудан
Дар қисмати шарқии Тоҷикистон низ Соли нави астрономӣ таҷлил мешавад: садҳо нафар сокинони маҳаллӣ дар чорабиниҳои идона ширкат карданд
ДУШАНБЕ, 21 март — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар чорабиниҳои идона бахшида ба Наврӯз дар ноҳияи Ванҷ ширкат кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси ВМКБ хабар медиҳад.
Дар ҷашнвора садҳо нафар ҷамъ омада буданд ва созмондиҳандагон ба Мирзонабот тоқӣ такдим карданд.
Раиси вилоятро бо нону намак пешвоз гирифта, ба ӯ асбобҳои деҳқонӣ намоиш доданд.
© Хадамоти матбуотии раиси ВМКБТаҷлили Наврӯз дар Ванҷ
Таҷлили Наврӯз дар Ванҷ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2023
Таҷлили Наврӯз дар Ванҷ
Илова бар ин, ӯ таомҳои суннатии тоҷикиро рӯи дастархони пура аз нозу неъмат, арзёбӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Наврӯз тамоми ҳафта, то 26 март рӯзҳои истироҳатӣ хоҳад буд.
Дар ин рӯзҳо дар шаҳру навоҳии кишвар чорабинихои гуногун, консертҳогузаронда мешаванд.
© Хадамоти матбуотии раиси ВМКБТаҷлили Наврӯз дар Ванҷ
Таҷлили Наврӯз дар Ванҷ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2023
Таҷлили Наврӯз дар Ванҷ
Қаблан Sputnik Тоҷикистон дар бораи чорабиниҳои аслии "Соли нави форсӣ", ки дар ВМКБ баргузор мешавад, навишта буд.
Лентаи хабарҳо
0