Барномаи идонаи Наврӯзӣ дар Душанбе ва ВМКБ

Обуна шудан
Тоҷикистон ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз омодагӣ мегирад - сокинон аллакай метавонанд дар кӯчаҳову хиёбонҳои орододашуда сайру гашт кунанд
Аммо ҷашнҳои асосӣ ҳанӯз дар пешанд. Дар Душанбе чорабиниҳои идона рӯзи 21 март соати 04:00 дар Боғи Ғалабаи пойтахт оғоз мешаванд.
Дар он ҷо гулхан афрӯхта шуда, таоми асосии идона - суманак пухта мешавад. Мақомот дар манотиқи дигари Тоҷикистон низ барои сокинону меҳмонон чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ омода кардаанд.
Бояд гуфт, имсол тибқи ҷадвали астрономӣ, 21 март соати 02:30 Замин ҳангоми ҳаракат дар атрофи Офтоб аз баробарии шабурӯзи баҳорӣ мегузарад. Барои тоҷикон ин айёми Наврӯз аст.
Лентаи хабарҳо
0