Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Видеои бархурди ҷангандаи Русия бо паҳподи амрикоӣ дар Баҳри сиёҳ

Обуна шудан
Вазорати дифои Амрико видеои ҳодисаи бархурди эҳтимолии ҷангандаи Русия ва паҳподи амрикоиро болои Баҳри сиёҳ нашр кард
Пентагон видеои ҳодисае, ки бо паҳподи амрикоӣ ва ҳавопаймои Русия болои Баҳри сиёҳ рух дода буд нашр кард, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Дар видеое, ки вазорати дифои ИМА нашр кардааст, ҷангандаи Су-27-и Русия болои Баҳри сиёҳ ду маротиба талош мекунад болои паҳпод сӯзишворӣ холӣ кунад.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, ин ҳодиса як рӯз пеш дар минтақаи Қрим рух додааст. Паҳподи амрикоӣ бо транспондерҳои хомӯшшуда ба самти Русия парвоз карда, марзи минтақаи низоми муваққатии истифодаи фазои ҳавоиро, ки бо мақсади гузаронидани амалиёти вижаи низомӣ муқаррар шудааст, вайрон кард. Пас аз кашфи паҳпод, ҷангандаҳои Русия парвоз карданд.
Видеои нобудсозии системи зиддиҳавоии бритониёи "Stromer HVM" дар Донбасс
Паҳпод идораашро аз даст дод ва ба об сарнугун шуд. Вазорати дифоъ хабар додааст, ки ҷангандаҳои Русия бо паҳподи амрикоии MQ-9 ҳамла ва аз аслиҳа низ истифода накарданд.
Манбаъ илова кард, ки ҷангандаҳои Русия бидуни ягон харобӣ ба фурудгоҳ баргаштанд.
Мақомоти ИМА мегӯянд, ки паҳпод пас вайроншудани чархааш, аз сӯйи ҷангандаи Русия суқут кардааст.
Сарнагунсозии паҳбоди амрикоӣ аз ҷониби ҷангандаҳои русии "SU-27" дар Баҳри Сиёҳ
Ба гуфтаи Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, Вошингтон ин нуктаро ба назар намегирад, ки пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина маҳдудиятҳои парвозҳо дар манотиқи соҳилии Баҳри сиёҳ вуҷуд дорад.
Вай қайд кард, ки ин гуна кирдорхои ИМА игвогари мебошанд ва мақсади он зиёд кардани шиддат аст. Ба гуфтаи вазир, Иёлоти Муттаҳида пайваста дар бораи як қудрати масъулиятнок будан, ки ба суботи стратегӣ манфиатдор аст, ҳарф мезанад, аммо, воқеъият дигар аст.
Лентаи хабарҳо
0