Сарнагунсозии паҳбоди амрикоӣ аз ҷониби ҷангандаҳои русии "SU-27" дар Баҳри Сиёҳ

© U.S. Air Force photo/Lt Col Leslie Prat / Public DomeinБеспилотник MQ-1B Predator с ракетой Hellfire, архивное фото
Беспилотник MQ-1B Predator с ракетой Hellfire, архивное фото
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2023
Обуна шудан
ИМА иддао дорад, ки паҳбодаш дар фазои обҳои байналмилалӣ буд, аммо Русия гуфт, ки он сарҳадоти муваққатан барои парвоз маҳдуди болои Баҳри Сиёҳро вайрон кард
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Артиши Амрико дар бораи бархӯрди ҷангандаи русии "SU-27" бо ҳавопаймои бесарнишини амрикоии "MQ-9 Reaper" фазои баҳри Сиёҳ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ҳавопаймои бесарнишин пас аз бархӯрд ба обҳои байналмилалӣ афтодааст.
Бино ба изҳороти Кохи сафед, пеш аз сарнагунсозӣ ҳавопаймои "SU-27" манёврҳои "хатарнок" анҷом дода буд.
Ҷониби ИМА иддао дорад, ки ҳавопаймои бесарнишин дар ҳарими ҳавоии байналмилалӣ дар минтақаи Баҳри Сиёҳ "амалиёти маъмулӣ" анҷом медод ва ин ҳодиса ба "садама ва талафот"-и он мунҷар шудааст.
Кохи Сафед эълом кард, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дар ин бора хабардор шудааст. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки вазорати умури хориҷа тасмим дорад, дар ин замина бо Русия тамос бигирад.
Осмотр летчиком боевого истребителя Миг-29СМТ на репетиции пилотажных групп военного парада, посвященного 65-й годовщине Великой Победы, которая состоялась в аэропорту Чкаловский. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Шабаҳи Киев" дар ИМА ба истифодаи мушаки AIM-120 бо ҷангандаҳои МиГ-29 омодагӣ мегирад
Ҷон Кирби, ҳамоҳангсози стратегии Кохи сафед гуфтааст, ки "боздошт"-и ҳавопаймоҳои Амрико ва Русия кам нест, аммо ҳодисаи ахир "хатарнок" буд.
Ӯ таъкид кардааст, ки сарфи назар аз ҳодисаи ахир ИМА парвозҳоро дар болои баҳри Сиёҳ идома хоҳад дод.
"Мо як сол аст, ки дар ин фазои ҳавоӣ парвоз мекунем, ин корро идома медиҳем ва барои парвоз дар обҳои байналмилалӣ ба тасдиқи Русия ниёз надорем",- гуфтааст, Кирби ба хабарнигорон.
Дар ҳамин ҳол сафири Русия дар Вошингтон Анатолий Антонов пас аз ин рухдод фаъолиятҳои низомии ИМА дар наздикии марзҳои Русияро ғайриқобили қабул номид.
"Фаъолияти ғайриқобили қабули низомиёни амрикоӣ дар наздикии марзҳои мо нигаронкунанда аст. Мо хуб медонем, ки чунин мошинҳои бидуни сарнишини иктишофӣ ва зарбазан бо кадов ҳадаф истифода мешаванд", - омадааст дар изҳороти раиси намояндагии дипломатӣ.
Антонов низ ин ҳодисаро иғво номид.
Вазорати дифои Русия бошад мегӯяд, ки паҳбоди амрикоӣ дар минтақае сарнагун шуд, ки барои парвоз муваққатан манъ аст.
Лентаи хабарҳо
0