Тими футболи “Файзканд” ба бозигаронаш маош намедиҳад

© Sputnik / Стас ЭтвешФутбольный мяч на поле, архивное фото
Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2023
Обуна шудан
Футболбози собиқи дастаи “Файзканд” аз он шикоят кард, ки дастаи футбол на танҳо ба ӯ, балки ба бозигарони дигар низ чанд моҳ маош намедиҳад
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Собиқ футболбози дастаи “Файзканд”-и Восеъ Ҳикматулло Расулов, гуфт, ки бошгоҳи футбол 4 моҳ аст, ки ба ӯ маош надодааст.
Ба гуфтаи вай, ин вазъият дар ин даста сол аз сол авҷ мегирад.

"Чанд моҳ боз ба футболбозон маош намедиҳанд. Мо, бозигарони бошгоҳ гуфтем, ки ба мақомоти боло шикоят хоҳем кард, аммо онҳо моро намехоҳанд шунаванд", - гуфт ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба далели пардохт накардани ҳаққу заҳмат Расулов дастаи “​​Файзканд”-ро тарк кард ва ҳоло барои бозӣ дар мавсими футболи соли 2023 дастаи нав меҷӯяд.
Мяч на игровом поле. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Дар Суғд барномаи маҳаллии рушди футбол тасдиқ шуд
Масъулини дастаи футбол мушкилоти молиро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ доданд. Хадамоти матбуот танҳо қайд кард, ки дар дастаи “Файзканд” ҳама чиз хуб аст, бозигарон ба мавсими оянда омодагӣ мебинанд.
Қаблан дастаи “Файзқанд”-ро сармураббии эронӣ Маъсуд Алӣ Назарзода тарк карда буд. Ӯ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи мушкилоти ин бошгоҳ, аз ҷумла вазъи бади молии даста изҳори назар карда буд.
Дар ҳоли ҳозир, ба тайёр кардани футболбозон иҷрокунандаи сармураббӣ Ҷамолиддин Маҷидов оғоз кардааст.
Лентаи хабарҳо
0