Дар Суғд барномаи маҳаллии рушди футбол тасдиқ шуд

© Sputnik / Павел БедняковМяч на игровом поле.
Мяч на игровом поле. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Обуна шудан
Мақомоти суғд мегӯяд барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд ба хотири рушди футбол ва фароҳам овардани шароити варзишӣ тасдиқ гардидааст
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ахиран бо қарори Раиси вилояти Суғд​ Барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2022-2026 тасдиқ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вимлояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд барои рушди футбол ва фароҳам овардани шароити варзишӣ тасдиқ гардида, идомаи мантиқии​ Барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021 маҳсуб меёбад.
Манбаъ зикр кардааст, ки барномаи мазкур дурнамо барои панҷ соли оянда ба ҳисоб меравад.
Тренер Истиклол Игорь Черевченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2023
Бозгашти футболбозони тоҷик ба "Истиқлол" баъди омадани Черевченко
Дар ин барнома самтҳои асосии фаъолият, афзалиятҳо, вазифаҳо ва тартиби амалинамоии сиёсати давлатӣ дар соҳа ва роҳҳои амалисозии чорабиниҳои рушди футболро муайян шудааст.
Мақомоти вилояти Суғд илова кардааст, ки амалигардонии Барнома барои мукаммалгардонии заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, заминаи моддию техникӣ, омодасозии мутахассисон, вусъат додани рушди футбол бо истифода аз инфрасохтори муосир, бунёду таҷдиди майдончаҳои варзишӣ, фароҳам намудани шароити мусоид барои зиёд намудани шуъбаҳои футбол дар муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва рушду оммавигардонии футбол дар деҳот тавассути ҷалби аҳолӣ ба футбол саҳм мегузорад.
Лентаи хабарҳо
0