https://sputnik.tj/20230312/teatri-lukhtak-tojikiston-uzbekiston-safar-1055451372.html
Театри лӯхтаки Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар кард
Театри лӯхтаки Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар кард
Sputnik Тоҷикистон
Театр бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ба сокинони навраси Ӯзбекистон намоишномаи "Маликаи нозанин"-ро намоиш медиҳад
2023-03-12T20:00+0500
2023-03-12T20:00+0500
2023-03-12T20:00+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
театр
лӯхтак
намоиш
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102370/03/1023700303_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_62026d1235cb2b96c3b03860f495dee5.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Гурӯҳи эҷодии Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба кишвари Ӯзбекистон сафари ҷавобӣ анҷом медиҳад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.Тибқи иттилои манбаъ, ҳунармандони театри лӯхтаки Тоҷикистон то 20 март чанд намоишнома намоиш медиҳанд. Чорабиниҳо ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар ҳарду кишвар таҷлил мешавад, сурат мегиранд.Барои тамошобинони хурдсол намоишномаи "Маликаи нозанин" тайёр карда шудааст. Муаллифи ин намоишнома Ҳотам Салимов буда, коргардони онҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Зафар Ҷаводов мебошад.Ҳама намоишҳо ба ду забон – тоҷикӣ ва русӣ баргузор мешаванд.Гуфта мешавад, ки сафар бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҳарду кишвар сурат мегирад.Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2022 ҳунармандони Театри вилоятии лӯхтаки Бухоро ба пойтахти Тоҷикистон сафар карда буданд. Онхо ба тамошобинон намоишномаи "Табиби дуруғгуро"-ро пешкаш карда буданд.
https://sputnik.tj/20230309/dushanbe-hamoish-rektoron-tojikiston-uzbekiston-1055392684.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102370/03/1023700303_0:0:1001:751_1920x0_80_0_0_521a280be161bfd1d7aa08bda515bc24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, театр, ӯзбекистон, сафар, театри лӯхтак, намоиш, барнома
тоҷикистон, театр, ӯзбекистон, сафар, театри лӯхтак, намоиш, барнома
Театри лӯхтаки Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар кард
Театр бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ба сокинони навраси Ӯзбекистон намоишномаи "Маликаи нозанин"-ро намоиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Гурӯҳи эҷодии Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба кишвари Ӯзбекистон сафари ҷавобӣ анҷом медиҳад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳунармандони театри лӯхтаки Тоҷикистон то 20 март чанд намоишнома намоиш медиҳанд. Чорабиниҳо ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар ҳарду кишвар таҷлил мешавад, сурат мегиранд.
Барои тамошобинони хурдсол намоишномаи "Маликаи нозанин" тайёр карда шудааст. Муаллифи ин намоишнома Ҳотам Салимов буда, коргардони онҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Зафар Ҷаводов мебошад.
Ҳама намоишҳо ба ду забон – тоҷикӣ ва русӣ баргузор мешаванд.
Гуфта мешавад, ки сафар бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҳарду кишвар сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2022 ҳунармандони Театри вилоятии лӯхтаки Бухоро ба пойтахти Тоҷикистон сафар карда буданд. Онхо ба тамошобинон намоишномаи "Табиби дуруғгуро"-ро пешкаш карда буданд.