Дар Душанбе нахустин ҳамоиши ректорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад

© Sputnik Душанбе
Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2023
Обуна шудан
Ҷузъиёти анҷумани қарибулвуқӯъи ректорҳо дар Душанберо вазири таҳсилоти олии Ӯзбекистон ва сафири Тоҷикистон дар он кишвар баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов бо сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода мулоқот кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо истинод ба хабаргузории "Дунё".
Ба иттилои манбаъ, ҷонибзо зимни мулоқот масъалаи баргузории нахустин форуми ректорони донишгоҳҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Зикр гардид ки форуми мазкур дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 13-15 марти соли 2023 баргузор хоҳад шуд.
"Ректорони ду кишвар дар самти ташкили самараноки раванди таълим, ҷорӣ намудани технологияҳои нави таълимӣ табодули таҷриба мекунанд", - омадааст дар хабарнома.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба баргузории олимпиадаҳои илмӣ миёни донишҷӯёни ду кишвар, афзоиши табодули академӣ баррасӣ шуд.
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2023
Муҳриддин бо вазири нави умури хориҷии Ӯзбекистон чӣ масъаларо баррасӣ кард?
Ҳоло дар 5 мактаби олии Ӯзбекистон, ки кадрҳои омӯзгорӣ тайёр мекунанд, таълим ба забони тоҷикӣ сурат мегирад.
Инчунин дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик, дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз филологияи тоҷик ва забонҳои шарқ вуҷуд доранд.
Лентаи хабарҳо
0