https://sputnik.tj/20230312/muarrikh-faronsa-furuposhi-ijshs-peshgui-hadaf-putin-1055438375.html
Муаррихи фаронсавӣ, ки фурӯпошии ИҶШС-ро пешгӯӣ карда буд, ҳадафи навбатии Путинро гуфт
Муаррихи фаронсавӣ, ки фурӯпошии ИҶШС-ро пешгӯӣ карда буд, ҳадафи навбатии Путинро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ба боварии муаррихи фаронсавӣ ҳадафи навбатии раисиҷумҳури Федератсияи Русия ин заиф гардондани НАТО мебошад 12.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-12T10:15+0500
2023-03-12T10:15+0500
2023-03-12T10:15+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар ҷаҳон
украина
дар русия
амният ва мудофиа
нато
амрико
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/16/1055129210_0:0:3253:1830_1920x0_80_0_0_0a4f82cd26f40f908509cf9d5a3fb078.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ғарб низоъ дар Украинаро барангехтааст, аммо қудрати Русияро нодида гирифт ва ҳоло НАТО дар хатари бузург қарор дорад, гуфт таърихшиноси фаронсавӣ Эммануэл Тодд дар канали YouTube-и рӯзномаи Le Figaro. Ба гуфтаи коршинос, Вашингтон Маскавро водор кард, ки ба андешидани чораҳои пешгирикунанда замоне шурӯъ кунад, ки онҳо украииҳоро дар намунаи артишҳои Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ мусаллаҳ кард.Илова бар ин, дар Амрико умедвор буданд, ки иқтисоди Русияро бо кумаки таҳримҳо хароб кунанд. "Аммо ин умеди онҳо амалӣ нашуд ва ҳоло мо мебинем, ки Русия беҳтар аз он ки тасаввур мекардем, муқовимат мекунад", - гуфт Тодд.Дар баробари ин, дастгоҳи саноатии Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Аврупо дигар иқтидори кофӣ барои идомаи истеҳсоли лавозимоти ҷангӣ барои қувваҳои мусаллаҳи Украинаро надорад, хулоса кард мутахассис. Эммануэл Тодд антрополог, муаррих, эссеист ва муаллифи китобҳои зиёд аст. Соли 1976 ӯ дар китоби худ фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро пешгӯӣ карда буд.
https://sputnik.tj/20230311/sobiq-josus-amriko-zamon-shikast-ukraina-peshgui-kard-1055435207.html
украина
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/16/1055129210_430:0:3161:2048_1920x0_80_0_0_79ee2ef2cc226e813e121c805c2ecb18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, украина, дар русия, амният ва мудофиа, нато, амрико
дар ҷаҳон, украина, дар русия, амният ва мудофиа, нато, амрико
Муаррихи фаронсавӣ, ки фурӯпошии ИҶШС-ро пешгӯӣ карда буд, ҳадафи навбатии Путинро гуфт
Ба боварии муаррихи фаронсавӣ ҳадафи навбатии раисиҷумҳури Федератсияи Русия ин заиф гардондани НАТО мебошад
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ғарб низоъ дар Украинаро барангехтааст, аммо қудрати Русияро нодида гирифт ва ҳоло НАТО дар хатари бузург қарор дорад, гуфт таърихшиноси фаронсавӣ Эммануэл Тодд дар канали YouTube-и рӯзномаи Le Figaro.
"Русия имкони хубе дорад, ки аз ин вазъ ҳамчун ғолиб барояд <…> Ҳоло русҳо ҳама корро мекунанд, то НАТО-ро боздоранд, аммо мардум дар Ғарб миқёси тамоми мушкилотро намебинанд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи коршинос, Вашингтон Маскавро водор кард, ки ба андешидани чораҳои пешгирикунанда замоне шурӯъ кунад, ки онҳо украииҳоро дар намунаи артишҳои Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ мусаллаҳ кард.
Илова бар ин, дар Амрико умедвор буданд, ки иқтисоди Русияро бо кумаки таҳримҳо хароб кунанд.
"Аммо ин умеди онҳо амалӣ нашуд ва ҳоло мо мебинем, ки Русия беҳтар аз он ки тасаввур мекардем, муқовимат мекунад", - гуфт Тодд.
Дар баробари ин, дастгоҳи саноатии Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Аврупо дигар иқтидори кофӣ барои идомаи истеҳсоли лавозимоти ҷангӣ барои қувваҳои мусаллаҳи Украинаро надорад, хулоса кард мутахассис.
Эммануэл Тодд антрополог, муаррих, эссеист ва муаллифи китобҳои зиёд аст. Соли 1976 ӯ дар китоби худ фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро пешгӯӣ карда буд.