https://sputnik.tj/20230311/sobiq-josus-amriko-zamon-shikast-ukraina-peshgui-kard-1055435207.html
Собиқ ҷосуси амрикоӣ замони шикасти Украинаро пешгӯӣ кард
Собиқ ҷосуси амрикоӣ замони шикасти Украинаро пешгӯӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба боварии ӯ, лавозимоти ҷангии Украина дар садади тамомшавӣ қарор доранд. Ӯ гуфт тобистони имсол бинобар куллан тамом шудани лавозимот ин низоъ анҷом меёбад
2023-03-11T14:30+0500
2023-03-11T14:30+0500
2023-03-11T14:30+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар ҷаҳон
амрико
украина
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0a/1055420938_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_68a1ba6abefb20a432f93d798922ab94.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Украина метавонад тобистони соли 2023 дар низоъ бо Русия ба шикасти ниҳоӣ дучор шавад. Ин пешгӯиро Скотт Риттер, афсари бознишастаи иктишофии Корпуси баҳрии ИМА кардааст, хабар медиҳад Lenta/Риттер дар канали YouTube Judge Napolitano - Judging Freedom суханронӣ кард."Ғарб ҳарчанд кӯшиш кунад ҳам, аммо дар робита ба камбуди лавозимоти ҷангӣ коре карда наметавонад. Аллакай дар тобистон, лавозимоти ҷангии Украина тамом мешавад ва вақте ки ин ҳодиса рӯй медиҳад, ҳама чиз ба охир мерасад", - бовар дорад афсари собиқи истихборот. Вай қайд кард, ки низомиёни Русия ба фарқ аз артиши Украина дар минтақаи Амалиёти вижаи низомӣ аз силоҳҳои муосир истифода мекунанд. Дар авоили моҳи март Риттер гуфта буд, ки низоъ дар Украина ба марҳалаи ниҳоӣ ворид шудааст, ки дар ҷараёни он артиши Русия ба "ҷудо кардани" сохторҳои логистикии қувваҳои мусаллаҳи Украина шурӯъ мекунад. Моҳи феврал афсари собиқи истихборот пешниҳод карда буд, ки Киев то октябри соли 2023 таслим мешавад.
https://sputnik.tj/20230308/artishi-rusiya-sharqi-artemovsk-nazorati-1055381461.html
амрико
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0a/1055420938_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d6edacca1cc0b599d4cdd28de23b3b6b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина амрико ҷосус
Собиқ ҷосуси амрикоӣ замони шикасти Украинаро пешгӯӣ кард
Ба боварии ӯ, лавозимоти ҷангии Украина дар садади тамомшавӣ қарор доранд. Ӯ гуфт тобистони имсол бинобар куллан тамом шудани лавозимот ин низоъ анҷом меёбад
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Украина метавонад тобистони соли 2023 дар низоъ бо Русия ба шикасти ниҳоӣ дучор шавад.
Ин пешгӯиро Скотт Риттер, афсари бознишастаи иктишофии Корпуси баҳрии ИМА кардааст, хабар медиҳад Lenta/
Риттер дар канали YouTube Judge Napolitano - Judging Freedom суханронӣ кард.
"Ғарб ҳарчанд кӯшиш кунад ҳам, аммо дар робита ба камбуди лавозимоти ҷангӣ коре карда наметавонад. Аллакай дар тобистон, лавозимоти ҷангии Украина тамом мешавад ва вақте ки ин ҳодиса рӯй медиҳад, ҳама чиз ба охир мерасад", - бовар дорад афсари собиқи истихборот.
Вай қайд кард, ки низомиёни Русия ба фарқ аз артиши Украина дар минтақаи Амалиёти вижаи низомӣ аз силоҳҳои муосир истифода мекунанд.
Дар авоили моҳи март Риттер гуфта буд, ки низоъ дар Украина ба марҳалаи ниҳоӣ ворид шудааст, ки дар ҷараёни он артиши Русия ба "ҷудо кардани" сохторҳои логистикии қувваҳои мусаллаҳи Украина шурӯъ мекунад.
Моҳи феврал афсари собиқи истихборот пешниҳод карда буд, ки Киев то октябри соли 2023 таслим мешавад.