Баррасии густариши ҳамкорҳо дар бахши гардишгарӣ миёни Тоҷикистону Эрон

© Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ТоҷикистонБаррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар бахши гардишгарӣ
Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар бахши гардишгарӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2023
Обуна шудан
Сафири Эрон дар Душанбе ва раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар бораи роҳҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар бахши гардишгарӣ гуфтугӯ карданд
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар дидори сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ ва раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Камолиддин Муминзод масъалаи иҷрои ёддошти тафоҳуми ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти
Собирӣ ва Муминзод дар ин дидор бо ишора ба иштирокот ва пайвандҳои фаровон ва фазои мусбати ҳоким бар равобити ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон, бар густариши беш аз пеши муносибот дар ҳавзаи гардишгарӣ ва тасҳили сафари атбои ду кишвар ва гардишгарон таъкид карданд.
Ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихию фарҳангӣ, экологию солимгардонӣ изҳор намуд.
Махмадтоир Зокирзода, глава Маджлиси намояндагон, нижняя палата парламента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2023
Тоҷикистон гуфт, дӯстиро бо Эрон таҳким мебахшад
Дар дидор қайд карда шудааст, ки ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Эрон аз умқи таърих сарчашма мегирад ва ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дорои пайвандҳои таърихию меросӣ мебошанд.
Дар бораи зарфияти сайёҳии Тоҷикистон гуфта шуд, ки мероси бойи таърихию фарҳангӣ, табиати нодири ҳайвоноту растаниҳо, кӯҳҳои баланд ва осоишгоҳҳои муолиҷавӣ барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар самти сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, саёҳати сайругаштӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва агротуризм мусоидат менамояд.
Ёдовари мекунем, ки пас аз истиқлоли Тоҷикистон дар 9 сентябри 1991, Эрон аввалин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ кард.
Лентаи хабарҳо
0