https://sputnik.tj/20230130/tojikiston-dusti-eron-tahkim-1054575288.html
Тоҷикистон гуфт, дӯстиро бо Эрон таҳким мебахшад
Тоҷикистон гуфт, дӯстиро бо Эрон таҳким мебахшад
Sputnik Тоҷикистон
Миёни Тоҷикистону Эрон беш аз 160 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидаанд, ки муносибатҳои ду кишвари дӯсту ҳамзабонро танзим мекунанд 30.01.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-01-30T13:23+0500
2023-01-30T13:23+0500
2023-01-30T13:24+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
маҷлиси намояндагон
эрон
ҳамкорӣ
дӯстӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042813217_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_abf6ca46e94d6c0452db22a202a4a9f7.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода бо раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, Муҳаммад Боқир Қолибоф густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард. Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, мулоқоти Зокирзода бо Қолибоф дар ҳошияи 17-умин конфронси байналмилалии Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ дар Алҷазоир баргузор шуд. "Ҳоло мо бо парлумонҳои зиёди кишварҳои дунё равобити хуби кориро ба роҳ мондаем. Аз таҷрибаи якдигар самаранок ва бештар истифода мебарем. Парлумонҳо дар густариш ва тавсияи равобити байни давлатҳо нақши босазое доранд", - гуфт Зокирзода.Ӯ дар хитоб бо Қолибоф афзудааст, ки вақти он расидааст, ки ин ҳамкориҳоро густариш диҳем. "Мо метавонем дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарломунй, омӯзиши таҷрибаи пешқадами якдигар дар низоми қонунофарӣ, иттилоотонӣ ҳамкориҳои судманде дошта бошем", - изҳор доштаст раиси парлумони ҶТ. Таъкид шудаст, ки механизми муҳими ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ мебошад. "Маълум аст, ки дар замони муосир ба роҳ мондану пеш бурдани тиҷорату ҳамкориҳои васеи иқтисодию сармоягузорӣ омили муассири рушди муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ байни кишварҳо маҳсуб меёбад", - омадааст дар иттилоия. Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид намуданд.Маврид ба зикр аст, ки феълан байни Тоҷикистону Эрон беш аз 160 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки онҳо муносибатҳои ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро ҳамоҳанг ва дурнамои онҳоро муайян месозанд.
https://sputnik.tj/20230124/safiri-eron-rusiya-royzani-nazdik-eron-rusiya-1054454097.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042813217_146:0:965:614_1920x0_80_0_0_371d90910475aeec4309f938496726f7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , маҷлиси намояндагон, эрон, ҳамкорӣ, дӯстӣ
дар тоҷикистон, сиёсат , маҷлиси намояндагон, эрон, ҳамкорӣ, дӯстӣ
Тоҷикистон гуфт, дӯстиро бо Эрон таҳким мебахшад
13:23 30.01.2023 (Навсозишуда: 13:24 30.01.2023) Миёни Тоҷикистону Эрон беш аз 160 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидаанд, ки муносибатҳои ду кишвари дӯсту ҳамзабонро танзим мекунанд
ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода бо раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, Муҳаммад Боқир Қолибоф густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, мулоқоти Зокирзода бо Қолибоф дар ҳошияи 17-умин конфронси байналмилалии Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ дар Алҷазоир баргузор шуд.
"Ҳоло мо бо парлумонҳои зиёди кишварҳои дунё равобити хуби кориро ба роҳ мондаем. Аз таҷрибаи якдигар самаранок ва бештар истифода мебарем. Парлумонҳо дар густариш ва тавсияи равобити байни давлатҳо нақши босазое доранд", - гуфт Зокирзода.
Ӯ дар хитоб бо Қолибоф афзудааст, ки вақти он расидааст, ки ин ҳамкориҳоро густариш диҳем.
"Мо метавонем дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарломунй, омӯзиши таҷрибаи пешқадами якдигар дар низоми қонунофарӣ, иттилоотонӣ ҳамкориҳои судманде дошта бошем", - изҳор доштаст раиси парлумони ҶТ.
Таъкид шудаст, ки механизми муҳими ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ мебошад.
"Маълум аст, ки дар замони муосир ба роҳ мондану пеш бурдани тиҷорату ҳамкориҳои васеи иқтисодию сармоягузорӣ омили муассири рушди муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ байни кишварҳо маҳсуб меёбад", - омадааст дар иттилоия.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки феълан байни Тоҷикистону Эрон беш аз 160 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки онҳо муносибатҳои ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро ҳамоҳанг ва дурнамои онҳоро муайян месозанд.