Киселёв: Ғарб ба шарқ рафтори такаббурӣ дорад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкГенеральный директор МИА "Россия сегодня" Дмитрий Киселев
Генеральный директор МИА Россия сегодня Дмитрий Киселев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2023
Обуна шудан
Мудири генералии “Россия сегодня” Дмитрий Киселёв мегӯяд, ки дар Ғарб фақат инсонҳои сафедпӯсти ғарбӣ соҳибҳуқуқ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ҳуқуқи инсон дар Ғарб –ин “ҳуқуқи инсони сафедпӯсти ғарбӣ мебошад”- ба Шарқ онҳо назари такаббурӣ доранд, аз ҷумла, онҳо ироқиён ва афғониҳоро инсон намеҳисобанд, изҳор дошт Директори генералии Медиа-гурӯҳи байналхалқии "Россия сегодня"Дмитрий Киселев.
Маросими баимзорасии созишнома барои омода намудани мутахассисони баландихтисос дар самти корбарӣ бо забонҳои мухталиф дар маркази матбуоти Медиа-гурӯҳи "Россия сегодня" баргузор гардид.
"Барои амрикоиҳо ҷаҳон бояд чуноне бошад, ки онҳо меҳисобанд, барои мо бошад Туркия бояд туркӣ , Чин-чинӣ, Ҷопон - ҷопонӣ бошад. Дар ин нишони равшан будани мароми мост.Дар ин нишони пӯшида будани амрикоиҳо, пӯшида будани Ғарб аст. Онҳо ба Шарқ назари ҳавобаландона доранд, аз ҷумла, онҳо ироқиён ва афҳғонҳоро инсон намеҳисобанд, аниқтараш ҳуқуқи инсон дар Ғарб ин “ҳуқуқи инсони сафедпӯсти ғарбӣ мебошад, на ҳуқуқи чиниву афғониву ироқиву боз миллатҳои дигар.Хуллас, онҳоро дар Ғарб умуман инсон намеҳисобанд",-гуфт Киселёв дар ин маросим.
Боевая работа танка Т-72 вооруженных сил РФ в южном секторе специальной военной операции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар ИМА бобати пешгӯиҳои Ғарб дар бораи Украина ва Русия хулосаҳои ногаҳонӣ бароварданд
Ба гуфти ӯ, ИМА, вақте дар Ироқ одамонро беҳисоб мекуштанд, талафоти ҷонӣ дар ин кишвар“аз таҷовузи ИМА то ба садҳо ҳазор нафар мерасид.”
Амалиёти низомии нерӯҳои муштараки ИМА ва шарикони зиддиироқиашон таҳти унвони “Шок ва ҳаяҷон”(Shock and Awe, -минбаъд-“Озодии Ироқ”, Iraqi Freedom) 20 марти соли 2003 оғоз гардида буд. Баҳонаи расмӣ барои ҳуҷум ба Ироқ рабт доштани режими Саддом Ҳусейн бо терроризми байналмиллӣ ва ҳам маълумоти идораи ҷосусии Амрико - Идораи иттилооти марказии Амрико бобаи мавҷудияти яроқи қатли ом, эълон гардида буд. Ин ҳама даъвоҳо минбаъд исботи худро наёфтанд.
Амалиёт бе рухсати СММ амалӣ гардида буд. Тибқи омори сарчашмаҳои мухталиф дар солҳои таҷовузи Амрико ба Ироқ беш аз 650 ҳазор аҳолии осоишта кушта шуданд.
Лентаи хабарҳо
0