https://sputnik.tj/20230226/mirzonabot-sarmoyaguzori-milliardi-iqtisod-vmkb-1055181757.html
Мирзонабот аз сармоягузории миллиардӣ ба иқтисоди ВМКБ хабар дод
Мирзонабот аз сармоягузории миллиардӣ ба иқтисоди ВМКБ хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Гузаронидани Форуми байналмилалии "Помир-Инвест" имкон дод, ки баро рушди иқтисоди Бадахшони Кӯҳӣ маблағи бесобиқа ҷалб карда шавад
2023-02-26T13:40+0500
2023-02-26T13:40+0500
2023-02-26T13:40+0500
вмкб
иқтисод
сармоягузорӣ
дар тоҷикистон
алишер мирзонабот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/10/1053575204_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_38f662cd6eb998b9881e9b0e1491ef11.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ шартномаҳои сармоягузорӣ баста шуданд. Дар ин бора Алишер Мирзонабот раиси вилоят зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2022 изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, ҳамоиши байнулмилалии “Помир-Инвест” имкон дод, ки ба вилояти Бадахшон маблағи бесобиқа ҷалб карда шавад. То имрӯз дар доираи созишномаҳои басташуда 12 лоиҳа ба маблағи 160 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 665 миллион сомонӣ корҳои фаъол идома доранд. Тавре Мирзонабот афзуд, нақшаи буҷаи маҳаллӣ аз ҳисоби даромадҳои худ дар соли 2022 107,7% иҷро шудааст. Қаблан Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, далели аслии нарафтани сармоягузорони калон ба ВМКБ, ин набудани инфрасохтор аст, гуфта буд.Ӯ гуфт, вилоят имконоти бузург дорад ва ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқӣ заминаи аввалия барои фароҳамсозии шароит хоҳад шуд.Гуфта мешавад, дар сатҳи вилоят 100 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешаванд, ки ба беҳбуди сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд.Тибқи нақша дар шаҳри Хоруғ бунёди беш аз 230 иншоот, ноҳияи Дарвоз - 103 иншоот, Ванҷ - 101, ноҳияи Рӯшон - 150 бинои замонавӣ, Шуғнон - 312 иншоот, Роштқалъа - 205 иншоот, Ишкошим - 104 иншооти нав ва ноҳияи Мурғоб - 83 иншоот бунёд мегарданд.Ба иттилои мақомоти ВМКБ, тайи 2 соли охир дар вилоят 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудаанд.
https://sputnik.tj/20220718/sherali-kabir-sarmoyaguzoron-vmkb-1050079994.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/10/1053575204_163:0:1983:1365_1920x0_80_0_0_c5f19065ccfb9297f2ed67372d08070f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мирзонабот сармоягузорӣ миллиард иқтисод вмкб
мирзонабот сармоягузорӣ миллиард иқтисод вмкб
Мирзонабот аз сармоягузории миллиардӣ ба иқтисоди ВМКБ хабар дод
Гузаронидани Форуми байналмилалии "Помир-Инвест" имкон дод, ки баро рушди иқтисоди Бадахшони Кӯҳӣ маблағи бесобиқа ҷалб карда шавад
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ шартномаҳои сармоягузорӣ баста шуданд.
Дар ин бора Алишер Мирзонабот раиси вилоят зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2022 изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамоиши байнулмилалии “Помир-Инвест” имкон дод, ки ба вилояти Бадахшон маблағи бесобиқа ҷалб карда шавад.
То имрӯз дар доираи созишномаҳои басташуда 12 лоиҳа ба маблағи 160 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 665 миллион сомонӣ корҳои фаъол идома доранд.
Тавре Мирзонабот афзуд, нақшаи буҷаи маҳаллӣ аз ҳисоби даромадҳои худ дар соли 2022 107,7% иҷро шудааст.
Қаблан Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, далели аслии нарафтани сармоягузорони калон ба ВМКБ, ин набудани инфрасохтор аст, гуфта буд.
Ӯ гуфт, вилоят имконоти бузург дорад ва ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқӣ заминаи аввалия барои фароҳамсозии шароит хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, дар сатҳи вилоят 100 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешаванд, ки ба беҳбуди сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд.
Тибқи нақша дар шаҳри Хоруғ бунёди беш аз 230 иншоот, ноҳияи Дарвоз - 103 иншоот, Ванҷ - 101, ноҳияи Рӯшон - 150 бинои замонавӣ, Шуғнон - 312 иншоот, Роштқалъа - 205 иншоот, Ишкошим - 104 иншооти нав ва ноҳияи Мурғоб - 83 иншоот бунёд мегарданд.
Ба иттилои мақомоти ВМКБ, тайи 2 соли охир дар вилоят 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудаанд.