Дар Думаи давлатӣ афви муҳоҷирони ихроҷшударо ҷонибдорӣ карданд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкПривлечение иностранной рабочей силы
Привлечение иностранной рабочей силы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2023
Обуна шудан
Афви эҳтимолӣ дар мавриди шаҳрвандони хориҷие сурат хоҳад гирифт, ки аллакай барои ҳуқуқвайронкунии хурди маъмурӣ аз ҳудуди Русия хориҷ карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Афви муҳоҷирони кории қаблан ихроҷшуда барои қонуншиканиҳои кӯчак ба ҳалли мушкилоти кадрӣ дар бахшҳои сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ мусоидат мекунад.
Ин нуктаро муовини раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Думаи давлатии Русия, Артём Кирянов дар суҳбат бо "Интерфакс" таъкид кард.
Вай изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир дар бозори меҳнат, махсусан дар бахши сохтмон ва бахши нигоҳдории инфрасохтори низоми хоҷагии манзилию коммуналӣ камбудиҳо дар мавриди норасоии кадрҳо ҷой доранд.

"Аз ин рӯ, агар одамон хоҳиши омаданро бо шароите, ки ҳозоир дар Русия пешниҳод карда мешаванд, дошта бошанду кор кунанд, мо албатта набояд ба ин муқобилат кунем", - гуфт Кирянов.

Ҳамзамон, ӯ тавзеҳ дод, ки сухан дар бораи ба Федератсияи Русия баргардонидани одамоне нест, ки ба ҷиноят даст задаанд.
Сухан дар бораи афви он муҳоҷироне меравад, ки шартҳои будубошро вайрон кардаанд ва ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, ки ба касе зарар нарасондаанд, афзуд ӯ.
Қаблан дар бораи баррасии ин масъала вакили Думаи давлатӣ Владимир Ресин иттилоъ дода, изҳор дошт, ки Вазорати сохтмон ва ҳукумат вазъиятро зери назорат доранд ва омодаанд, ки дар сурати зарурат чораҳои иловагӣ андешанд.
Меры безопасности в московском метро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2023
Дар Русия ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон афзудааст
Вакил ҳамчунин зикр намуд, ки имкони эълони афв барои муҳоҷирони корӣ, ки қаблан барои нақзи низоми муҳоҷират ихроҷ шуда буданд, баррасӣ мешавад.
Пештар чунин ташаббусро президенти Иттиҳодияи миллии сохтмончиёни Русия - НОСТРОЙ Антон Глушков ба миён гузошта, изҳор дошт, нерӯи кории хориҷӣ лозим мебошад, чун онҳо таҷрибаи кор ва малакаҳои истеҳсолӣ дар кишварро доранд.
Лентаи хабарҳо
0