https://sputnik.tj/20230305/rusiya-jinoyat-muhojiron-afzud-1055316071.html
Дар Русия ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон афзудааст
Дар Русия ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон афзудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар Русия теъдоди ҷиноятҳо аз сӯи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд рӯ ба афзоиш ниҳодааст
2023-03-05T09:30+0500
2023-03-05T09:30+0500
2023-03-05T10:40+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102205/73/1022057351_0:0:2998:1686_1920x0_80_0_0_e20fa66d8166f98e75057dacc3cd73e6.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Дар Русия ҷинояткорӣ дар бахши муҳоҷират афзоиш меёбад. Дар ин бора Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия дар пайи ҷамъбасти натиҷаҳои кор дар соли 2022 хабар дод.Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин аз мушкили афзоиши қобили мулоҳизаи аъмоли сангин ва махсусан вазнини муҳоҷирон ёдовар шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2022 муфаттишон беш аз 2000 парвандаи ҷиноятии муҳоҷиронро ба додгоҳ ирсол намуда, ҳамчунин 136 парвандаи нақзи қонуни муҳоҷиратро тафтиш кардаанд. Бастрикин инчунин, аз афзоиши ҷиноятҳои киберӣ гуфта, даъват намуд, ки алайҳи ин зуҳурот бояд муборизаи ҷиддӣ бурд.Қаблан хабар дода шуд, ки шумори ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар 11 моҳи соли 2022 нисбат ба як соли қабл тақрибан 10% афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, суръати афзоиши ҷинояткорӣ дар 5 соли охир бесобиқа афзудаст.Танҳо шаҳрвандони кишварҳои ИДМ нисбат ба як соли пеш 15,2% бештар ҷиноят содир кардаанд.
https://sputnik.tj/20230304/rusiya-khidmatguzori-besifat-muhojiron-jazo-1055305941.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102205/73/1022057351_269:0:2998:2047_1920x0_80_0_0_4100e234ddac9eae9cb82e13f7aba55d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия муҳоҷират ҷиноят
Дар Русия ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон афзудааст
09:30 05.03.2023 (Навсозишуда: 10:40 05.03.2023) Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар Русия теъдоди ҷиноятҳо аз сӯи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд рӯ ба афзоиш ниҳодааст
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Дар Русия ҷинояткорӣ дар бахши муҳоҷират афзоиш меёбад. Дар ин бора Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия дар пайи ҷамъбасти натиҷаҳои кор дар соли 2022 хабар дод.
Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин аз мушкили афзоиши қобили мулоҳизаи аъмоли сангин ва махсусан вазнини муҳоҷирон ёдовар шуд.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2022 муфаттишон беш аз 2000 парвандаи ҷиноятии муҳоҷиронро ба додгоҳ ирсол намуда, ҳамчунин 136 парвандаи нақзи қонуни муҳоҷиратро тафтиш кардаанд.
Бастрикин инчунин, аз афзоиши ҷиноятҳои киберӣ гуфта, даъват намуд, ки алайҳи ин зуҳурот бояд муборизаи ҷиддӣ бурд.
Қаблан хабар дода шуд, ки шумори ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар 11 моҳи соли 2022 нисбат ба як соли қабл тақрибан 10% афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, суръати афзоиши ҷинояткорӣ дар 5 соли охир бесобиқа афзудаст.
Танҳо шаҳрвандони кишварҳои ИДМ нисбат ба як соли пеш 15,2% бештар ҷиноят содир кардаанд.