Аз ваъдаҳо то ноумедӣ: Размикори тоҷик аз роҳаш ба UFC гуфт - видео

© Foto / Акс аз саҳифаҳои иҷтимоии Лоиқ РаҷабовБоец Лоик Раджабов
Боец Лоик Раджабов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2023
Обуна шудан
Размикори тоҷик мегӯяд, роҳаш ба созмони UFC ҳамвор набуда, аз интизориҳои зиёди беш аз яксола, ваъдаҳою баъдан аҳдшиканиҳоро дар бар гирифта буд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Варзишкори тоҷик, Лоиқ Раҷабов дар пайи пирӯзӣ дар нахустин сабқаташ дар UFC изҳор дошт, ки дар роҳ ба ин созмон ваъдахилофиҳою ноумедиҳоро паси сар кард.
Вай изҳор дошт, ки сабқаташ дар ин созмон ҳудуди 14 моҳ интизор буд, аммо дар ин самт ваъдаҳо дода мешуданду баъдан ноумедиҳо низ буданд. Дар ниҳоят бо Эстебан Рибовичи 26-сола ҳамчун ивазкунанда вориди майдон шуд, чуд ҳарифи қаблӣ аз сабқат даст кашидаст.
Раҷабов мегӯяд, аз ин сабқат тақрибан як ҳафта қабл огоҳ шуду онро пазируфт. Вай изҳори умед кард, ки дар оянда ҳадди ақал 2-3 моҳ қабл аз мубориза ҳарифашро хоҳад шинохту мувофиқан омода хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ӯ, дар рӯзи сабқат бо размикори аргентинӣ худро хастаю бемадор эҳсос мекард чун баданаш ҳанӯз комилан барқарор нашуда буд, аммо бо иродааш вориди майдон шуду пирӯз берун омад.
Размикори тоҷик дар мавриди зарбаҳои хӯрдааш аз Рибович изҳор дошт, ки вазъро идора мекард. Вай таъкид намуд, ки дар сараш умуман фикри таслимро надораду то ҳолати беҳушӣ барои пирӯзию идомаи сабқат талош хоҳад кард.
Навори беҳтарин лаҳзаҳои мусобиқаи UFC 285 дар Лас-Вегас - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2023
Аз Раҷабов то Ҷон Ҷонс: Видеои беҳтарин лаҳзаҳои мусобиқаи UFC 285
Раҷабов изҳор дошт, ки аллакай баъди моҳи шарифи Рамазон омода аст, бо ҳар ҳарифе вориди майдон шавад.
Дар суҳбати дигараш Раҷабов таъкид намуд, ки ҳоло пурҳарфӣ намекунад ва дар амал натиҷаро нишон хоҳад дод. Изҳор дошт, ки ҳоло мехоҳад ҳадди ақал се набардро бибарад ва пасон ҳарифони болотар аз худашро ба майдон даъват хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0