Аз Раҷабов то Ҷон Ҷонс: Видеои беҳтарин лаҳзаҳои мусобиқаи UFC 285

Обуна шудан
Мусобиқаи UFC 285 дар шаҳри Лас-Вегас, ки паҳлавони шинохтаи тоҷик низ яке аз иштирокдорони он буд, бо бурду бохтҳои ғайриинтизоре поён ёфт
Сабқатҳои UFC 285 аз зӯрозмоии размикори тоҷик, Лоиқ Раҷабов бо варзишкори аргентинӣ Эстебан Рибовичи 26-сола оғоз гардид.
Раҷабов дар ин сабқат бо текдаунҳо ё аз по заданҳои ҳариф, ки 11 бор дар 3 давр анҷом додаст, рекорд гузошта, бо қарори якдилонаи доварон пирӯз эълон шуд. Размикори тоҷик эълон кард, ки барои идомаи сабқатҳо дар ин ташкилот омода аст.
Зӯрозмоии асосии рӯз миёни Ҷон Ҷонси амрикоӣ ва Сирил Гани фаронсавӣ буд, ки дар даври аввал бо пирӯзии намояндаи ИМА анҷом ёфт.
Зӯрозмоии размикорҳои наврас дар Душанбе - видео
Қаҳрамони UFC миёни бонувон дар вазни сабук, Валентина Шевченко аз Қирғизистон дар сабқат аз Алекса Грассои мексикоӣ шикаст хӯрд. Вай таъкид намуд, ки омодаи реванш ва бозгардондани камарбанди қаҳрамонист.
Ҷолибтарин зӯрозмоӣ дар UFC 285 миёни Ҷеф Нили амрикоӣ ва Шавкат Раҳмонови қазоқистонӣ дониста шуд. Дар ин зӯрозмӣ Раҳмонов ҳарифашро дар даври сеюм бо усули буғӣ кардан шикаст дод.
Дар доираи ин мусобиқа ҳамчунин Матеуш Гамроти лаҳистонӣ ба Ҷелин Тёрнери амрикоӣ, Бо Никал бар Ҷейми Пикет, Коди Гарбарандт бар Тревин Ҷонс, Дрикус Дю Плесси бар Дерек Брансон пирӯз гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0