Устопириён аз Тошканд бе медал бармегардад

© Sputnik Комроншох Устопириён
Комроншох Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2023
Обуна шудан
Аз миёни 4 намояндаи Тоҷикистон, дар рӯзи охири мусобиқаи "Tashkent Grand Slam 2023" вориди майдон шуданд, 3 нафарашон натавонистанд нишоне ба даст оранд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Ҷудокори тоҷик, Комроншоҳи Устопириён аз рақиби ӯзбекистонияш, Ҷаҳонгир Маҳмадраҳимов шикаст хӯрда, аз идомаи сабқат дар "Tashkent Grand Slam 2023" маҳрум гардид.
Устопириён дар даври чорякниҳоӣ аз ҳарифи бразилӣ, Ферейра Ҷиовани низ мағлуб шуда, барои нишони биринҷӣ дар даври тасалобахш бо паҳлавони ӯзбекистонӣ вориди майдон шуд, аммо бахташ омад накард.
Ягона намояндаи Тоҷикистон, ки дар рӯзи охири "Tashkent Grand Slam 2023" имкони гирифтани медали биринҷиро дорад, Темур Раҳимов мебошад.
Раҳимов дар даври нимниҳоии "Tashkent Grand Slam 2023" аз рақиби ҷопонияш Саито Татасуру шикаст хӯрда, барои зинаи сеюм, бо ҷудокор аз Гурҷистон, Заалишвили Гела сабқат хоҳад кард.
Навори беҳтарин лаҳзаҳои мусобиқаи UFC 285 дар Лас-Вегас - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2023
Аз Раҷабов то Ҷон Ҷонс: Видеои беҳтарин лаҳзаҳои мусобиқаи UFC 285
Дар рӯзи сеюми мусобиқаи байналмиллии Тошканд 4 ҷудокор, Комроншоҳи Устопириён -90 кг Ҷаҳонгир Маҷидов -90 кг, Темур Раҳимов +100 кг ва Элмуродов Иброҳимҷон дар вазни беш аз 100 кило вориди майдон шуданд, ки се нафарашон натавонистанд нишоне ба даст оранд.
Маврид ба зикр аст, ки дар маҷмуъ Тоҷикистонро дар "Tashkent Grand Slam 2023", ки аз 3 то 5 март идома мекунад, 13 нафар ҷудокор намояндагӣ карданд.
Дар рӯзи аввал дар вазни то 66 кило Эмомалии Нуралӣ тавонист ҳамаи ҳарифонашро шикаст диҳаду медали тилои "Tashkent Grand Slam 2023"-ро ба даст орад.
Сомон Маҳмадбеков, ҷудокори тоҷик тавонист ба хазинаи варзишии Тоҷикистон боз як нишони фахрӣ - медали биринҷӣ орад.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа дар Тошканд, Маҳмадбеков ҳарифи австрягии худро шикаст дод ва нишони биринҷии "Grand Slam Tashkent 2023"-ро соҳиб шуд.
Лентаи хабарҳо
0