https://sputnik.tj/20230305/sharq-tojikiston-zaminlarza-takon-1055320451.html
Шарқи Тоҷикистонро боз заминларза такон дод
Шарқи Тоҷикистонро боз заминларза такон дод
Sputnik Тоҷикистон
Давоми ҳафтаҳои охир шарқи Тоҷикистонро силсилаи заминҷунбиҳое фаро гирифтааст, ки бештари онҳо дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сабт шудаанд
2023-03-05T16:30+0500
2023-03-05T16:30+0500
2023-03-05T16:30+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
заминларза
вмкб
мурғоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/71/1030637177_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_1cd22ad9895054b9def68c7ee1b91dd2.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин зилзила ба шиддати 4,2 дараҷаро боз дар ҳудуди Тоҷикистон сабт кардааст. Ба иттилои ин ниҳод, маркази заминларза дар 65-километрии ғарби Мурғоб воқеъ будааст. Ин дар ҳолест, ки 4 март низ дар шарқи Тоҷикистон заминларзаҳо ба қайд гирифта шуда буданд. Пажӯҳишгоҳи геология ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон маркази яке аз заминҷунбиро дар 370-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 97-километрии шарқи кӯли Сарез ва 37-километрии ғарби ноҳияи Мурғоби ВМКБ арзёбӣ кард."Қувваи заминларза дар марказ 4 бал, дар Мурғоб 3 ва дар шаҳри Хоруғ 2-3 баллро ташкил дод", - иттилоъ дода буд КҲФ. Ин ниҳод мегӯяд, офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ ва хисороти молиро надошт. Маврид ба зикр аст, пас аз ин заминҷунбӣ бо гузашти ҳамагӣ шаш соат ВМКБ-ро заминларзаи навбатӣ такон дод.Тайи чанд ҳафтаи ахир тақрибан ҳар рӯз дар қаламрави Тоҷикистон ларзишҳои зеризаминӣ рух медиҳанд. Аз ҳама шадидтаринаш 6.8 балл субҳи барвақти 23 феврал дар наздикии Мурғоб рух дод.
https://sputnik.tj/20230304/khf-zaminjunb-vmkb-sarez-rukh-dod-1055311761.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/71/1030637177_0:0:891:668_1920x0_80_0_0_c017749a4ba0ed90e712143d906394f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сабт, заминларза, вилояти мухтори куҳистони бадахшон
сабт, заминларза, вилояти мухтори куҳистони бадахшон
Шарқи Тоҷикистонро боз заминларза такон дод
Давоми ҳафтаҳои охир шарқи Тоҷикистонро силсилаи заминҷунбиҳое фаро гирифтааст, ки бештари онҳо дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сабт шудаанд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин зилзила ба шиддати 4,2 дараҷаро боз дар ҳудуди Тоҷикистон сабт кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, маркази заминларза дар 65-километрии ғарби Мурғоб воқеъ будааст.
Ин дар ҳолест, ки 4 март низ дар шарқи Тоҷикистон заминларзаҳо ба қайд гирифта шуда буданд.
Пажӯҳишгоҳи геология ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон маркази яке аз заминҷунбиро дар 370-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 97-километрии шарқи кӯли Сарез ва 37-километрии ғарби ноҳияи Мурғоби ВМКБ арзёбӣ кард.
"Қувваи заминларза дар марказ 4 бал, дар Мурғоб 3 ва дар шаҳри Хоруғ 2-3 баллро ташкил дод", - иттилоъ дода буд КҲФ.
Ин ниҳод мегӯяд, офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ ва хисороти молиро надошт. Маврид ба зикр аст, пас аз ин заминҷунбӣ бо гузашти ҳамагӣ шаш соат ВМКБ-ро заминларзаи навбатӣ такон дод.
Тайи чанд ҳафтаи ахир тақрибан ҳар рӯз дар қаламрави Тоҷикистон ларзишҳои зеризаминӣ рух медиҳанд. Аз ҳама шадидтаринаш 6.8 балл субҳи барвақти 23 феврал дар наздикии Мурғоб рух дод.