https://sputnik.tj/20230304/khf-zaminjunb-vmkb-sarez-rukh-dod-1055311761.html
КҲФ: заминҷунбӣ дар ВМКБ наздикии Сарез рух дод
КҲФ: заминҷунбӣ дар ВМКБ наздикии Сарез рух дод
Sputnik Тоҷикистон
Ин ниҳод танҳо заминҷунбие, ки субҳи барвақти 4 март рух дода буд, шарҳ дод. Дар бораи заминҷунбии дуввум ягон маълумот ироа накард
2023-03-04T17:24+0500
2023-03-04T17:24+0500
2023-03-04T17:27+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
заминҷунбӣ
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102257/43/1022574315_0:436:4288:2848_1920x0_80_0_0_3c9fbb1b9176fd4d34ac5ae6ec2a643f.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Заминҷунбие, ки соати 5:23 дақиқа дар ВМКБ рух дод, мутахассисони тоҷик низ таъйид карданд, хабар дод КҲФ.Ба иттилои манбаъ, Пажӯҳишгоҳи геология ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон маркази заминҷунбиро дар 370-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 97-километрии шарқи кӯли Сарез ва 37-километрии ғарби ноҳияи Мурғоби ВМКБ арзёбӣ кард.Ин ниҳод мегӯяд, офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ ва хисороти молиро надошт.Маврид ба зикр аст, пас аз ин заминҷунбӣ бо гузашти ҳамагӣ шаш соат ВМКБ-ро заминларзаи навбатӣ такон дод.ВМКБ боз "ларзид"Маркази зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон шиддати ин заминҷунбиро 3.6 бал арзёбӣ кард.Тайи чанд ҳафтаи ахир тақрибан ҳар рӯз дар қаламрави Тоҷикистон ларзишҳои зеризаминӣ рух медиҳанд. Аз ҳама шадидтаринаш 6.8 балл субҳи барвақти 23 феврал дар наздикии Мурғоб рух дод.
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102257/43/1022574315_285:0:4082:2848_1920x0_80_0_0_1443fbc87f5da7d2ab1ae3a8da713cc6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф заминҷунбӣ вмкб
КҲФ: заминҷунбӣ дар ВМКБ наздикии Сарез рух дод
17:24 04.03.2023 (Навсозишуда: 17:27 04.03.2023) Ин ниҳод танҳо заминҷунбие, ки субҳи барвақти 4 март рух дода буд, шарҳ дод. Дар бораи заминҷунбии дуввум ягон маълумот ироа накард
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Заминҷунбие, ки соати 5:23 дақиқа дар ВМКБ рух дод, мутахассисони тоҷик низ таъйид карданд, хабар дод КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, Пажӯҳишгоҳи геология ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон маркази заминҷунбиро дар 370-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 97-километрии шарқи кӯли Сарез ва 37-километрии ғарби ноҳияи Мурғоби ВМКБ арзёбӣ кард.
"Қувваи заминларза дар марказ 4 балл, дар Мурғоб 3 ва дар шаҳри Хоруғ 2-3 баллро ташкил дод", - омадааст дар хабари КҲФ.
Ин ниҳод мегӯяд, офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ ва хисороти молиро надошт.
Маврид ба зикр аст, пас аз ин заминҷунбӣ бо гузашти ҳамагӣ шаш соат ВМКБ-ро заминларзаи навбатӣ такон дод.
Маркази зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон шиддати ин заминҷунбиро 3.6 бал арзёбӣ кард.
Тайи чанд ҳафтаи ахир тақрибан ҳар рӯз дар қаламрави Тоҷикистон ларзишҳои зеризаминӣ рух медиҳанд. Аз ҳама шадидтаринаш 6.8 балл субҳи барвақти 23 феврал дар наздикии Мурғоб рух дод.