https://sputnik.tj/20230305/saad-kohishi-tanish-qalamrav-barrasi-1055318707.html
СААД коҳиши таниш дар қаламравашро баррасӣ кард
СААД коҳиши таниш дар қаламравашро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони Сазмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар нишасти кории Минск вазъи низомию сиёсӣ дар ҳудуди таҳти масъулияти ин созмонро баррасӣ карданд
2023-03-05T15:30+0500
2023-03-05T15:30+0500
2023-03-07T10:39+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
саад
амният ва мудофиа
дар тоҷикистон
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/08/1043328531_0:184:3034:1891_1920x0_80_0_0_8bcb1df92e45845e775cb34a6f5d8fe1.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Рафъи танишҳо дар доираи созмон аз мавзӯъҳои аслии нишасти сарони воҳидҳои ҳамкориҳои байналмилалии Нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои СААД дар Минск буд.Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба намояндаи Беларус Валерий Ревенко, ки дар ҷаласа ширкат дошт, хабар дод."Барои роҳбарони вазоратҳои дифоъ барои рафъи ташаннуҷ дар қитъаҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон пешниҳодҳо таҳия шудаанд", - гуфтаст Ревенко. Илова бар ин, дар ҷараёни ҷаласаи корӣ намояндагони СААД вазъи низомиву сиёсии қаламрави таҳти масъулияти ин созмонро баррасӣ ва фаъолияти ҳамкориҳои байналмилалии низомиро дар соли ҷорӣ мушаххас карданд. Ҷониби Беларус самтҳои афзалиятноки раёсати худро дар СААД эълон кард, ки ба ҳалли вазъи бӯҳронӣ ва ҷилавгирӣ аз нооромшавии минбаъда дар минтақаи масъулияти ин созмон равона шудаанд.Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари ҳукуматгириии толибҳо дар Афғонистон ва фаъолшавии созмони террористӣ дар қаламрави ин кишвар, таваҷҷуҳи СААД ба марзи ҷанубии Тоҷикистон низ афзоиш ёфтааст. Дар баробари ин кишварҳои СААД муайян кардаанд, ки аъзои созмон, аз ҷумла дар соҳаи амнияти биологӣ низ ҳамкорӣ мекунанд.СААД феълан 6 кишвар - Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Белорусро дар бар мегирад.
https://sputnik.tj/20230213/davat-lukashenko-bahs-marz-khotima-muttahid-1054881884.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/08/1043328531_195:0:2926:2048_1920x0_80_0_0_7d5cb057600672f6e9c21cccc71db8f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баҳс, амният, қаламрав, саад
баҳс, амният, қаламрав, саад
СААД коҳиши таниш дар қаламравашро баррасӣ кард
15:30 05.03.2023 (Навсозишуда: 10:39 07.03.2023) Намояндагони Сазмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар нишасти кории Минск вазъи низомию сиёсӣ дар ҳудуди таҳти масъулияти ин созмонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Рафъи танишҳо дар доираи созмон аз мавзӯъҳои аслии нишасти сарони воҳидҳои ҳамкориҳои байналмилалии Нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои СААД дар Минск буд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба намояндаи Беларус Валерий Ревенко, ки дар ҷаласа ширкат дошт, хабар дод.
"Барои роҳбарони вазоратҳои дифоъ барои рафъи ташаннуҷ дар қитъаҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон пешниҳодҳо таҳия шудаанд", - гуфтаст Ревенко.
Илова бар ин, дар ҷараёни ҷаласаи корӣ намояндагони СААД вазъи низомиву сиёсии қаламрави таҳти масъулияти ин созмонро баррасӣ ва фаъолияти ҳамкориҳои байналмилалии низомиро дар соли ҷорӣ мушаххас карданд.
Ҷониби Беларус самтҳои афзалиятноки раёсати худро дар СААД эълон кард, ки ба ҳалли вазъи бӯҳронӣ ва ҷилавгирӣ аз нооромшавии минбаъда дар минтақаи масъулияти ин созмон равона шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари ҳукуматгириии толибҳо дар Афғонистон ва фаъолшавии созмони террористӣ дар қаламрави ин кишвар, таваҷҷуҳи СААД ба марзи ҷанубии Тоҷикистон низ афзоиш ёфтааст.
Дар баробари ин кишварҳои СААД муайян кардаанд, ки аъзои созмон, аз ҷумла дар соҳаи амнияти биологӣ низ ҳамкорӣ мекунанд.
СААД феълан 6 кишвар - Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Белорусро дар бар мегирад.