Даъвати Лукашенко аз кишварҳои СААД: баҳси марзро хотима диҳему муттаҳид шавем

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Беларуси Александр Лукашенко
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Белорус таъкид намуд, ки дар аҳди раёсаташ дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ таваккал карда, ҳалли мушкилотро дар авлавият қарор дод
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. СААД бояд барои ҳалли масоили марзӣ дар миёни кишварҳои узви созмон, аз ҷумла дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ мусоидат кунад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко дар мулоқот бо дабири кулли СААД, Имангали Тамагамбетов изҳор дошт.
Ӯ бо ишора ба авзои мураккаб дар минтақа, хостори муттаҳидии бештари кишварҳои узви СААД шуд.
"Мушкилоти кофӣ вуҷуд доранд. Мо дар давраи раёсати худ таваккал барои сабт дар барномаи ҳалли онҳоро ба дӯш гирифтем", - гуфт Лукашенко.
Қаблан президенти Белорус низ таъкид намуда буд, ки набояд низоъҳо, аз ҷумла дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бархезанд.
"Хуб нест, ки дар доираи СААД мо наметавонем ба ин низоъҳо поён диҳем. Мо бояд хеле ҷиддӣ сари ин масъала кор кунем", - таъкид карда буд ӯ.
Военный эксперт Насонов о главных вызовах, с которыми ОДКБ столкнется в 2023 году
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2023
Чӣ гуна СААД Тоҷикистонро ҳимоя мекунад? Назари коршинос - видео
Вай ҳамчунин таъкид намуда буд, ки СААД набояд ба бозӣ гирифта шаваду дар ҳалли баъзе мушкилоти дохилии сиёсӣ кор бурда шавад. Ҳама мушкил доранд, аммо мо СААД-ро барои ин таъсис надодаем, гуфт сиёсатмадор.
СААД феълан 6 кишвар - Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Белорусро дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0