Раҳимову Устопириён барои медали биринҷӣ сабқат мекунанд

© Федерация дзюдо ТаджикистанаТаджикский дзюдоист Темур Рахимов
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2023
Обуна шудан
Дар рӯзи сеюми мусобиқаи байналмилалӣ дар пойтахти Ӯзбекистон - "Tashkent Grand Slam 2023" чор паҳлавони тоҷикистонӣ вориди майдон шуда, зӯр озмуданд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар даври нимниҳоии "Tashkent Grand Slam 2023" аз рақиби ҷопонияш Саито Татасуру шикаст хӯрд.
Маврид ба зикр аст, ки Раҳимов дар финали "Jerusalem Masters 2022" дар вазни беш аз 100 кило низ аз Саито шикаст хӯрда, мавқеи дуюму нишони нуқраро соҳиб шуда буд.
Ҳамакнун дар мусобиқаи Тошканд, Раҳимов барои нишони биринҷӣ сабқат хоҳад кард. Рақибаш барои зинаи сеюм, ҷудокор аз Гурҷистон, Заалишвили Гела мебошад
Паҳлавони дигари тоҷик, Комроншоҳи Устопириён низ дар даври чорякниҳоӣ аз ҳарифи бразилӣ, Ферейра Ҷиовани мағлуб шуда, ҳамакнун барои нишони биринҷӣ дар даври тасалобахш муборизаро идома медиҳад.
Дар рӯзи сеюми мусобиқаи байналмиллии Тошканд 4 ҷудокор, Комроншоҳи Устопириён -90 кг Ҷаҳонгир Маҷидов -90 кг, Темур Раҳимов +100 кг ва Элмуродов Иброҳимҷон дар вазни беш аз 100 кило вориди майдон шуданд.
Навори беҳтарин лаҳзаҳои мусобиқаи UFC 285 дар Лас-Вегас - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2023
Аз Раҷабов то Ҷон Ҷонс: Видеои беҳтарин лаҳзаҳои мусобиқаи UFC 285
Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври дуюм ва Иброҳимҷон Элмуродов дар даври аввал аз идома сабқат маҳрум гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар маҷмуъ Тоҷикистонро дар "Tashkent Grand Slam 2023", ки аз 3 то 5 март идома мекунад, 13 нафар ҷудокор намояндагӣ карданд.
Дар рӯзи аввал дар вазни то 66 кило Эмомалии Нуралӣ тавонист ҳамаи ҳарифонашро шикаст диҳаду медали тилои "Tashkent Grand Slam 2023"-ро ба даст орад.
Сомон Маҳмадбеков, ҷудокори тоҷик тавонист ба хазинаи варзишии Тоҷикистон боз як нишони фахрӣ - медали биринҷӣ орад.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа дар Тошканд, Маҳмадбеков ҳарифи австрягии худро шикаст дод ва нишони биринҷии "Grand Slam Tashkent 2023"-ро соҳиб шуд.
Лентаи хабарҳо
0